ФУТБОЛ. «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Суғдиёна»-и Ӯзбекистон бозии дуюми дӯстона гузаронид

Июль 22, 2021 10:13

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе бозии дуюми санҷишии худро дар доираи машқҳои таълимӣ-тамринӣ дар вилояти Суғд бо дастаи  футболи  «Суғдиёна»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор  намуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин вохӯрии ҷолиб  дар варзишгоҳи «Ҷар»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии  Ӯзбекистон доир шуда,  дар он дастаи футболи «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе бо ҳисоби 0:2 ноком   шуд. Ҳарду голҳоро Шоҳрӯз Норхонов ба ҳадаф  расонид. Хотиррасон  мекунем, ки чанд рӯз пеш дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе нахустин бозии санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар вилояти Суғд баргузор карда буд. Дар варзишгоҳи «Металлург»-и Бекобод дастаи  футболи «Истиқлол» бо дастаи маҳаллии «Металлург», ки дар Суперлигаи чемпионати Ӯзбекистон бозӣ мекунад, рақобат намуд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 бо пирӯзии дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе хотима ёфт. Голи ягонаро дар дақиқаи 55-ум пас аз партофти Ваҳдат Ҳанонов Шервонӣ Мабатшоев ба нишон расонид.

Ёдовар мешавем, ки рақобати сеюми дӯстонаи худро дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе 24 июл  бо дастаи футболи  «Локомотив»-и Ӯзбекистон баргузор мекунад.

Июль 22, 2021 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад