Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 01.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) баргузор мешавад. Ҳайатҳои кишварҳои узви АП СААД шоми дирӯз ба Душанбе омаданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҷаласаро раиси Думаи давлатии Россия Вячеслав Володин раисӣ мекунад. Дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, Раиси парлумони Арманистон, раисони палатаҳои поёнии парлумонҳои Россия, Беларус, Қазоқистон, Афғонистон (кишвари нозир дар СААД), роҳбари парлумони Сербия (кишвари нозир), инчунин дабири кулли СААД Станислав Зас ва котиби иҷроияи АП СААД Сергей Поспелов иштирок мекунанд.
Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян, Муовини Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Шакиров, Раиси Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Нигматулин дар ҷаласаи Шӯрои АП СААД дар тариқи видео-конфронс ширкат меварзанд.
Ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви созмон дар давраи солҳои 2021-2025 шомил аст. Ғайр аз ин, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ният доранд, ки вазъ дар Афғонистонро баррасӣ кунанд.
Субҳи имрӯз сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви АП СААД-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазиранд. Сипас онҳо дар маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи қаҳрамони миллии Тоҷикистон Исмоили Сомонӣ ширкат меварзанд.
Дар баробари ин, интизор меравад, ки Раиси Думаи давлатӣ бо Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси палатаи поёнии парлумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом диҳад.
Шӯрои АП СААД фаъолияти ассамблеяро ташкил мекунад ва аз сарони парлумонҳои (роҳбарони палатаҳои парлумонҳои) Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон иборат аст. Дар ҳоли ҳозир раёсати АП СПАД-ро Раиси Думаи давлатии Россия раисӣ мекунад.
ДАР АКС: пешвозгирии Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия В.Володин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе. АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид
Қонунҳои марбут ба партовҳо ва хоҷагии ёрирасон дар кумитаи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуданд
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия якчанд қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт






