ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд

Июль 27, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар минтақаҳои ғарбии вилоят чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 17+22 ва  рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 7+12 ва рӯзона  18+23  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбандаи бебориш  пешбинӣ шудааст.   Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 22+27  ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16  дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабри  бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27  ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи  бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад.  Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона  31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 11-16  метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  22+24  ва рӯзона 38+40  дараҷа гарм мешавад.

Июль 27, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад