ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Аз 21 то 25 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест

Июль 22, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 21 то 25 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки  то ҳадди имкон ба маҳалҳои селомади кӯҳӣ барои чаронидани чорвову ҷамъоварии ҳезум ва ҳар гуна рустаниҳои дорувор нараванд. Рафтан ба моҳидорӣ низ дар чунин рӯзҳо маслиҳат нест, чун оби дарёҳо баногаҳ метавонад баланд шавад.

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки ҳамаи чораву тадбирҳои  бехатариро риоя намоянд. Селроҳаву ҷӯйбору каналҳоро сари вақт аз хасу ифлосиҳо ва ҳар гуна бодовардҳо тоза намоянд.

Ба ронадагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар маҳалҳои кӯҳӣ ва маконҳои хатарноке, ки омадани сел эҳтимол дорад, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд, зеро риояи фосила байни мошинҳо ҳангоми ҳаракат ҳатмист.

Июль 22, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Рӯшон таҳти назорати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
Дар нимсолаи якуми соли 2026 беш аз 40 баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои сохтмонӣ бо роҳи созиш ҳал гардид
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 80 ҳазор парвандаро баррасӣ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба Вазорати адлия беш аз 17 ҳазор мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд