Сиёвуш Зуҳуров ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт

Июль 8, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 08.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сиёвуш Зуҳуров аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Мавриди  зикр аст, ки Сиёвуш Зуҳуров тавассути радабандии қоравии гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс имкони иштирок дар 32-юм Бозиҳои Олимпиадаро дар вазни +91кг пайдо намуд. Бо сабаби пандемияи коронавирус гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонро барҳам дода, квотаҳои пешбинишударо тибқи радабандӣ тақсим намуд.

Хотиррасон мешавем, ки Сиёвуш Зуҳуров иштирокчии аввалин Бозиҳои олимпии наврасон – Сингапур-2010 буда, дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Ӯ ахиран дар Чемпионати Осиё-2021, ки дар Дубай доир шуд, ҷои панҷумро сазовор гардид.

Ҳамин тариқ, ҳайати дастаи мунтахаби  олимпии Тоҷикистон ба 11 нафар расид: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳар се бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ва Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ).

Ёдовар мешавем,ки бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад.

Июль 8, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид
Парчамбардорони тоҷик хотираи қаҳрамонони миллатро пос доштанд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Ню-Йорк ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид
Байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд идома дорад
Қуръакашии марҳилаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол доир шуд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷойи сеюмро ишғол намуд
Дар қароргоҳи СММ Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Данғара байни омӯзгорон мусобиқаи футбол доир шуд
Дар Дави миллӣ дар Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар иштирок намуданд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Афғонистонро мағлуб кард