НОРАК — ШАҲРИ НУРУ ЗИЁ. Дар ҷануби Тоҷикистон сайёҳии обӣ-варзишӣ рушд менамояд
ДУШАНБЕ, 04.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон сайёҳии обӣ, ки яке аз намудҳои туризми варзишӣ маҳсуб мешавад, дар ҳоли рушд аст. Давлати мо аз лиҳози захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар зинаи ҳаштум ва дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Далели ин гуфтаҳо мавҷуд будани қариб 600 дарё ва обанборҳои калон дар Тоҷикистон мебошад, ки барои рушди иқтисодиёти миллӣ сарвати бебаҳо маҳсуб мешавад. Дар иртибот ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони воситаҳои ахбори омма ба шаҳри Норак, ки яке аз шаҳрҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад, пресс-тур ташкил карда шуд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода зимни он ба иштирокчиёни пресс-тур изҳор дошт, ки «Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат бо мақсади густариши сайёҳии обӣ-варзишӣ, ки ба он қаиқронӣ, шиноварӣ, сайёҳат бо бодбон ва киштӣ, моҳидорӣ ва шикори он ва дигар намудҳо дохил мешаванд, тадбирҳои зарурӣ меандешад». Мавсуф афзуд, ки ҳадафи ташкили пресс-тур ба шаҳри Норак, ки дорои захираҳои бои обию энергетикист, муаррифии зарфияти сайру саёҳати обӣ, мавзеъҳои зебоманзар ва истироҳатии ин гӯшаи зебою биҳиштосои Тоҷикистон тавассути омода намудани гузоришу наворҳои ҷолиб ба сайёҳони дохилию хориҷӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба кишвар мебошад.
Зикр шуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда сайёҳии обӣ-варзишӣ дар ҷумҳурӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат рушд хоҳад кард. Дар пресс-тур дар радифи дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма хабарнигори АМИТ «Ховар» низ шомил буд, ки аз ҷараёни он гузориш омода намудааст.
Шаҳри Норак нури чашми кишвар аст
Шаҳри сайёҳии Норакро дар миқёси Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон на танҳо бо бузургтарин Неругоҳи барқи обии «Норак», ки дар Осиёи Миёна беназир аст, мешиносанд, балки он чун шаҳри сайёҳӣ маҳбубият ва ҷойгоҳи хос касб намудааст.
Норак ҳамчун шаҳри энергетикҳо дар соҳили дарёи Вахш, дар баландии 885 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, масоҳаташ 394,5 километри мураббаъ аст.
Шаҳри Норак дар масофаи 64 км аз Душанбе ва 130 км аз маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар воқеъ буда, қариб 60 ҳазор аҳолӣ дорад. Табиати зебову дилфиреби шаҳр, ки миёни кӯҳҳо ва соҳили дарёи Вахш доман густурдааст ва обанбори Норак шаҳрро басо дилфиребу диданӣ намуда, таваҷҷуҳи садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намудааст.
Ин аст, ки ҳамарӯза ба шаҳри Норак аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва хориҷи он меҳмонону сайёҳони зиёд ташриф оварда, аз табиати зебову дилфиреб ва обу ҳавои хуши он баҳра мебаранд. Хусусан меҳмонони баландпоя ва ҳайатҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ зимни сафар ба Тоҷикистон ҳатман аз НБО «Норак» ва сарбанди он боздид менамоянд ва аз ин шаҳри сайёҳӣ таассуроти нек мебардоранд.
Мавзеъҳои сайёҳии Норак
Шаҳри Норак дар ҷумҳурӣ бо боғҳои пурсамари меваҳои ширину шаҳдбор, хусусан анор маъруф буда, дар шафати даромадгоҳи он муҷассамаи рамзии хӯшаи анор насб гардидааст, ки ифодагари ҳосили фаровони анор дар минтақа аст.
Инчунин миёни кӯҳҳое, ки Норакро ба оғӯш гирифтаанд, кӯҳи Нор мавҷуд аст, ки баландиаш 174 метрро ташкил медиҳад.
Кӯҳи дигар Сандуқ мебошад, ки мувофиқи ривоятҳо баъди ҳуҷуми душманҳо мардуми Норак тамоми дороиҳояшонро дар сандуқ ҷо карда, зери ин кӯҳ мондаанд. Норак диёри бостонӣ буда, мувофиқи маълумоти бостоншиносон, дорои таърихи қадимист.
Дар китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров омадааст, ки дар асри санг ин ҷо одамон мезистаанд.
Дар шаҳри Норак ёдгориҳои таърихӣ, амсоли Мақбараи Мавлоно Мирзо Юсуф, Хоҷа Сурхпӯш, Шайх Абулҳай, Амири Бузург ва ғайра мавҷуданд, ки ба рушди сайёҳии зиёратӣ мусоидат менамоянд.
Инфрасохтори сайёҳӣ — хизматрасонӣ
Норак, ки шаҳри сайёҳӣ ва энергетикист, дар он инфрасохтори сайёҳӣ зарфи солҳои Истиқлоли давлатӣ бо назардошти мавқеи хоси ҷуғрофӣ хеле рушду такомул ёфтааст. Дар шаҳри Норак меҳмонхонаҳои замонавӣ ва дигар инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ бунёд гардида, ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд. Инчунин бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон дар шаҳр ширкати сайёҳии «Пули сангин» фаъолият дорад.
Дар шаҳри Норак, хусусан дар соҳилҳои дарёи Вахш аз карйери 9 то деҳаҳои Гирдобу Далдахӯрон дар ду соҳили дарёи Вахш истироҳатгоҳҳои хуштарҳу замонавӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидаанд, сайёҳону меҳмононро ҳамарӯза дар фасли тобистон қабул менамоянд ва ҳар яки онҳо дорои шароити хуби истироҳатию фароғатӣ мебошанд. Ин истироҳатгоҳҳо на танҳо дар рушди инфрасохтори бахши сайёҳӣ, балки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони шаҳр нақши муассир мегузоранд. Яке аз чунин истироҳатгоҳҳо, ки намояндагони расонаҳои хабарӣ зимни пресс-тур аз он боздид намуданд, истироҳатгоҳи «Чашма» мебошад.
Истироҳатгоҳи «Чашма»
Истироҳатгоҳи «Чашма» дар соҳили дарёи Вахш соли 2018 мутобиқ ба меъёр ва талаботи соҳаи сайёҳӣ бунёд гардида, ба истифода дода шудааст. Истироҳатгоҳ дар як вақт имкони қабули беш аз 30 нафар сайёҳону истироҳаткунандагонро дошта, дорои шароити мусоид барои истироҳат ва тафреҳ аст.
Истироҳатгоҳи «Чашма» дорои меҳмонхона, ҳавзҳои шиноварӣ, ҳуҷраҳои хоб, толори калон барои ҷашну шабнишиниҳо, нишастгоҳҳо дар болои дарё, майдончаҳои варзишӣ, аз қабили майдони футбол, теннис, толори саққобозӣ, қаиқҳои калон, гидросиклҳо ва дигар шароити мусоиди сайёҳӣ мебошад.
Ба истироҳатгоҳи «Чашма» бештар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ташриф оварда, аз имконоти он баҳравар мегарданд. Саҳни ҳавлии истироҳатгоҳро гулу буттаҳои нодир ва дарахтони ороишию сояафкан, ки аз хориҷи кишвар оварда шудаанд, инчунин муҷассамаҳои гуногуни парандаҳои нодир ва ҳайвонҳо оро медиҳанд.
Истироҳатгоҳи «Чашма» бо мавқеи ҷойгиршавӣ ва шароиту имконоташ, бешак дар рушди сайёҳии обӣ-варзишӣ дар кишвар саҳми муносиб мегузорад.
Норак — шаҳри нуру зиё
Норакро шаҳри нуру зиё ва нури чашми Тоҷикистон ном мебаранд, зеро дар ин шаҳр 49 сол муқаддам, аниқтараш 15 ноябри соли 1972 агрегати якуми НБО «Норак» ба истифода дода шуд вамоҳи декабри соли 1979 агрегати охирини неругоҳ барои истеҳсоли неруи барқ мавриди истифода қарор гирифт. Дар натиҷаи сохтмони неругоҳ обанбори Норак ба вуҷуд омад, ки масоҳаташ 98 км мураббаъ, ҳаҷмаш 10,5 миллиард метри мукааб буда, 4,5 миллиарди мукааб оби обанбор ҳамчун оби тоза истифода бурда мешавад. Дарозии обанбор 70 км, бараш то 1 км, жарфияташ ба ҳисоби миёна 107 метрро ташкил медиҳад. Аз тарафи чап нақби обқабулкунак ва аз самти рост нақби обпарто мавҷуд аст. Дар бунёди ин иншооти бузурги стратегию энергетикӣ, ки соли оянда аз сохтмонаш 50 сол сипарӣ мегардад, намояндагони 50 халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон саҳм гузоштаанд. Неругоҳи Норак бо истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза барои пешрафти саноати кишварамон заминаи мусоид фароҳам овард. Корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон-заводи алюминийи тоҷик, комбинати кимиёвии Ёвон ба кор даромаданд, ҳазорон гектар заминҳои ташналабу бекорхобида дар Ёвону Данғара шодоб ва ба қитъаҳои сабзу хуррами ҳосилхез табдил ёфтанд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигорон мушовири директори НБО «Норак» Қобилҷон Ашӯров иброз дошт, неругоҳ дар як соат се ҳазор мегаватт неруи барқ ва дар як шабонарӯз 41,5 миллион кВт соат неруи барқ истеҳсол намуда, дорои 9 агрегат аст, ки ҳоло 8-тоаш фаъолият доранд. Дар як агрегат корҳои навсозӣ идома дошта, дар мавриди ба кор андохтани он дар маҷмӯъ дар як соат 3350 мегаватт неруи барқ тавлид мегардад. Солҳои қабл НБО «Норак» беш аз 75 фоизи аҳолии кишварро бо неруи барқ таъмин мекард. Баъди ба истифода додани силсиланеругоҳҳо дар дарёи Вахш, аз қабили НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва агрегати якуму дуюми НБО «Роғун» ҳоло беш аз 55 фоизи аҳолии Тоҷикистон аз НБО «Норак» бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза таъмин мегарданд.
Сарбанди НБО «Норак» 300 метр буда, бо истифода аз қуму шағал сохта шудааст ва дар асоси сертификатҳое, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дода шудаанд, яке аз сарбандҳои бехатар ва амн дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Обанбори калони неругоҳ барои рушди сайёҳӣ имконияти васеъ фароҳам овардааст. Дар поёни неругоҳ, қад-қади соҳилҳои дарёи Вахш тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ инфрасохтори гуногуни соҳаи сайёҳӣ-истироҳатгоҳҳо бунёд гардидаанд, ки дар рушди сайёҳӣ, хусусан сайёҳии обӣ-варзишӣ дар ҷануби Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
НБО-и «Бойғозӣ»
Неругоҳи барқи обии (НБО) «Бойғозӣ» дар маҷрои дарёи Вахш- дар масофаи 32 км поёнтар аз НБО «Норак» сохта шудааст. Вазифаи асосии НБО «Бойғозӣ» истеҳсоли шабонарӯзии неруи барқ баъди оби истифодашудаи НБО-и «Норак» мебошад.
Муовини директори НБО «Бойғозӣ» Хайрулло Холов мегӯяд, ки корҳои сохтмонӣ аз охирҳои соли 1979 оғоз гардида, соли 1986 сохтмони неругоҳ пурра ба охир расид. Гидроагрегати 1, 2 ва 3 соли 1985 бо иқтидори 150000 кВт ва агрегати 4-ум соли 1986 бо иқтидори 150000 кВт сохта шудаанд. Иқтидори умумии неругоҳ 600000 кВт-соат ва иқтидори солонаи неругоҳ 2,5 миллиард кВт-соат-ро ташкил дода, неруи барқи дар неругоҳи «Бойғозӣ» истеҳсолгардида ба зеристгоҳҳои «Ҷангал» ва «Якуми май» интиқол дода мешавад.
НБО-и «Бойғозӣ» аз биноҳо ва иншооти обӣ, назири дарғот, иншооти обқабулкунак, нақбҳои обгузари чап ва рост, бинои НБО, идоракунӣ, нақби нақлиётгузар, бинои дастгоҳи ҳавофишордиҳӣ, обанбор, иншооти обпартои боло, иншооти охирини обпарто иборат буда, айни ҳол дар неругоҳ 376 нафар кормандону муҳандисон фаъолият менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки ояндаи наздик минтақаи ҷануби Тоҷикистон, бахусус шаҳри Норак бо назардошти мавқеи хоси ҷуғрофӣ, имконоти мавҷудаи обӣ, бунёд ва васеъ намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар соҳилҳои дарёи Вахш, ки силсиланеругоҳҳо сохта шудаанд, ба минтақаи пешрафтаи сайёҳӣ ва рушди сайёҳии обӣ-варзишӣ табдил мегардад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»,
Душанбе-Норак-Душанбе
Аксҳо аз АМИТ «Ховар»