Дар Академияи идоракунии давлатӣ маркази омӯзишӣ ва магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ифтитоҳ ёфт

Август 3, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 03.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ризоият ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ва Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ифтитоҳ гардид.  

Дар ин бора ба АМИТ  «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.

Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 дар сохтори Академия таъсис ёфта, мақсади асосии он омӯзиши масъалаҳои ташаккул ва рушди мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва пурқувват намудани иқтидори ҳайати кадрӣ аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ ва таҳқиқу омӯзиши Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ризоият ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Академия магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-ро таъсис дод.

Дар ифтитоҳи расмии Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ва шуъбаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, доктори фахрии Академия Нусратулло Абдуллозода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода, Шарифҷон Ҳакимзода ва дигар олимону муаллифони китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» иштирок намуданд.

Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» омӯзиши мактаби идоракунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар рушди соҳаҳои стратегии низоми иҷтимоии ҷомеа буда, диққати асосӣ ба корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ ва ҳалли масъалаҳои стратегии низоми иҷтимоӣ дода мешавад.

— Чун сухан дар бораи «Меъмори Ваҳдат», «Бунёдгузори давлати навини Тоҷикистон», «Тоҷикистони муосир», «Тоҷикистони соҳибистиқлол» ва амсоли инҳо равад, симои бузурги сиёсию давлатӣ, роҳнамои миллати бузурги тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоён мешавад. Пас, месазад, мактаби бузурги давлатдории Эмомалӣ Раҳмон барои хизматчиёни давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ татбиқ менамоянд, ҳамаҷониба омӯзонида шавад, -иброз дошт А. Ғафурзода.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода зикр намуд, ки “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбари давлати тоҷикон гардиданд, ки Тоҷикистон ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор ва тамоми шохаҳои мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида буд. Тамоми қувваҳои сиёсии мамлакат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дастаҳои мусаллаҳи яроқнок на баҳри манфиатҳои умумимиллӣ, балки ба фоидаи худ талош мекарданд. Дар чунин шароити ниҳоят сангин вазифаи муҳимтарини роҳбарияти нави Тоҷикистони соҳибистиқлол пешгирӣ намудани роҳи шикасти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таъмини амнияти давлат ба ҳисоб мерафт. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар як вақт сарварии давлатро низ ба уҳда дошт, бо дарки воқеии вазъияти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузошт. Мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда ва шоёни таҳқиқ ва омӯзиш буда, моро зарур аст, ки нукта ба нукта ба хизматчиёни давлатӣ таҷрибаи бузурги давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯзонем”.

Дар ҷараёни ҷамъомад гуфта шуд, ки таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ барои мо мактаби бузурги давлатдорӣ ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддӣ рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Бояд гуфт, қабули довталабон барои соли таҳсили 2021-2022 барои хизматчиёни давлатӣ ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз рӯйи ихтисосҳои идораи мақомоти маҳаллӣ, идораи давлатӣ, сиёсати берунӣ ва дипломатия ва менеҷменти сиёсӣ ба роҳ монда мешавад.

Ба магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» хизматчиёни давлатие, ки собиқаи кории на кам аз 2-сола дошта, донандаи забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) мебошанд, тариқи имтиҳон пазируфта мешаванд.

Магистрантон давоми як соли таҳсил дар магистратураи мазкур малакаи кории худро такмил дода, донишҳои касбиро тақвият мебахшанд ва соҳиби диплом мегарданд.

Таҳсил дар магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ба болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин дар ҳамоиш ҷилдҳои 1, 2 ва 3-и китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» ба меҳмонону иштирокчиён муаррифӣ гардид. Зикр шуд, ки ҷилдҳои 4 ва 5-и китоби мазкур давоми соли равон ба нашр хоҳанд расид.

 

Аксҳо аз Академияи идоракунии давлатӣ

Август 3, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Сокинони маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон сохтмони меҳмонхона ва осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ идома доранд
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Дар ВМКБ беш аз 1000 иншоот ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»