ИМРӮЗ – РӮЗИ КИТОБ. АМИТ «Ховар» феҳристи 50 китоби беҳтарин ва хонданиро пешниҳод менамояд

Сентябрь 4, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 04.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Ин ҷашн соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба  бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон эълон гардида буд. Он вақт Сарвари давлат зикр намуданд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад».

АМИТ «Ховар» се сол пеш дар ин рӯз дар ҳамкорӣ бо як зумра  адабиётшиносон ва мутахассисони Китобхонаи миллии Тоҷикистон феҳристи 50 китоби беҳтарини муаллифони тоҷик ва хориҷиро, ки онҳоро ҳатман мебояд хонд, тартиб дод. Ин рӯйхат мисли арзишҳои бузурги маънавӣ ҳаргиз куҳна намешавад ва ҳар кадоми мо боястӣ онро ҳар рӯзи умри худ зери даст дошта бошем. Аз ин рӯ бори дигар чун ёдкард ин рӯйхатро манзури хонандагони арҷманд мегардонем.

  1. Эмомалӣ Раҳмон — «Чеҳраҳои мондагор» (очеркҳои портретӣ-чеҳранамоӣ)
  2. Эмомалӣ Раҳмон — «Тоҷикон дар оинаи таърих». Аз Ориён то Сомониён ( насри таърихӣ иборат аз 4 ҷилд)
  3. Эмомалӣ Раҳмон – «Забони миллат – ҳастии миллат» (очерки илмӣ-оммавӣ)
  4. Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» ( очерки таърихӣ)
  5. Ато Ҳамдам, Леонид Чигрин — «Қаҳрамонии Эмомалӣ Раҳмон» (повести ҳуҷҷатӣ)
  6. Абӯабдулло Рӯдакӣ — Шеърҳо
  7. Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» (достон)
  8. Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ) — «Маснавии маънавӣ» (достон)
  9. Абдураҳмони Ҷомӣ — «Баҳористон» (достон)
  10. Саъдии Шерозӣ – Ғазалиёт; Ҳикоёт («Гулистон» ва  «Бӯстон»)
  11. Ҳофизи Шерозӣ — Ғазалиёт
  12. Унсурулмаолии Кайковус –  «Қобуснома» (наср)
  13. Робиндранат Такур — «Духтари Ганг» (роман)
  14. Мо Ян — «Гаоляни сурх» (роман)
  15. Теодор Драйзер — «Ҷенни Герхардт» (роман)
  16. Михаил Булгаков — «Мастер ва Маргарита» (роман)
  17. Антуан Сент Экзюпери — «Шоҳзодаи хурдакак» (повесть)
  18. Гарсиа Маркес — «Хазони умри Одамхудо» (роман)
  19. Александр Дюма — «Граф Монте Кристо» (роман)
  20. Михаил Лермонтов — «Қаҳрамони замони мо» (роман)
  21. Ҷек Лондон — «Мартин Иден» (роман)
  22. Этел Лилиан Войнич — «Ғӯрмагас» (роман)
  23. Иоҳанн Гёте — «Фауст» (фоҷиа)
  24. Борис Пастернак — «Доктор Живаго» (роман)
  25. Сотим Улуғзода – «Восеъ» (роман)
  26. Харуки Мураками — «Ҷангали норвегӣ» (роман)
  27. Ҷуброн  Халил  – «Паёмбар» (эссе)
  28. Франс Кафка — «Мурофиа» (роман)
  29. Иван Тургенев — «Падарон ва фарзандон» (роман)
  30. Сомерсет Моэм — «Театр» (роман)
  31. Ги де Мопассан — «Дӯсти меҳрубон» (роман)
  32. Стендал (Анри Бейл) — «Сурх ва сиёҳ» (роман)
  33. Вилям Шекспир — «Ҳамлет» (фоҷиа)
  34. Садриддин Айнӣ — «Ёддоштҳо» (наср)
  35. Ҷалол Икромӣ — «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» (наср)
  36. Мирзо Турсунзода – «Ҷони ширин» (достон)
  37. Фазлиддин Муҳаммадиев – «Палатаи кунҷакӣ» (повест)
  38. Лоиқ Шералӣ — Шеърҳо
  39. Бозор Собир — Шеърҳо
  40. Гулрухсор — Шеърҳо
  41. Александр Пушкин – Шеърҳо ва достонҳо
  42. 42.Сергей Есенин —  «Савтҳои форсӣ» (силсилаи ашъор)
  43. 43.Фёдор Достоевский — «Ҷиноят ва ҷазо» (роман)
  44. Лев Толстой — «Ҷанг ва сулҳ» (роман)
  45. Максим Горкий — «Модар» (роман)
  46. Иоҳан Гёте — «Девони ғарбию шарқӣ» (силсилаи ашъор)
  47. Эрнест Хемингуэй — «Мӯйсафед ва баҳр» (повест)
  48. Чингиз Айтматов – «Дуроҳаи бӯронӣ» (роман)
  49. Абдулҳамид Самад — «Гардиши девбод»
  50. Саттор Турсун – «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх» (роман)

НОГУФТА НАМОНАД…

Яке аз беҳтарин нависандагони тоҷик, публисист Бахтиёр Муртазо китобҳои муаллифони барҷастаи тоҷик — Айнӣ, Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигаронро барои хондан маслиҳат медиҳад, зеро маҳз асари онҳо бо забони адабии классикии тоҷикӣ навишта шудаанд. Ҷавонони имрӯза забони модарии худро хеле суст балад мебошанд. Китобҳои муаллифони ватанӣ ва хориҷӣ, пеш аз ҳама, шахсро маърифатнок ва захираи луғавиро бой мегардонанд.

«Беҳуда нест, ки Пешвои миллат ҳамеша дар суханрониҳои худ мегӯянд, ки ҷавонон бояд бештар хонанд, аммо миёни шумораи зиёди китобҳо мебояд онҳоеро интихоб кард, ки судманд бошанд. Яъне, хондан барои хондан бефоида аст», — маънидод кард ӯ.

Ҳамзамон соли 2019 дар кишварҳои аъзои ИДМ Соли китоб эълон хоҳад шуд. Қарори дахлдор аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Сочӣ баргузор шуд, қабул гардид.

Сентябрь 4, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»