«ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД…». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ — падари шеъри форсӣ таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 22.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Ба ин муносибат имрӯз бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ- адабӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд аз Институти мазкур ба АМИТ «Ховар».
Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2012 инҷониб бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назди ҳайкалу нимпайкараҳои Абӯабдулло Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона ва маҳфили шеърхонӣ, дар донишгоҳҳои филологии мамлакат, муаасисаҳои адабиву фарҳангӣ нишасту конфронсҳои илмӣ, ҳамоишу машварат ва ҷаласаҳо доир мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии тоҷик маҳсуб ёфта, ҳамчун нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик шинохта шудааст. Муҳимтарин хидмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хидмати таърихӣ ба анҷом расонидааст.
Яке аз муҳаққиқони номвари адабиёти классикӣ, муаллифи «Тазкират-ул-шуаро» Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи Одамушшуаро Рӯдакӣ чунин менависад: «Ба рӯзгори Оли Сомон шеъри форсӣ равнақ ёфту устод Рӯдакӣ дар ин илм саромад буд. Ва қабл аз вай шоире соҳибдевон бошад, нашнидаем. Пас воҷиб бувад, ки ибтидо аз устод намоем».
Ашори Рӯдакӣ инсонро водор месозад, ки бояд дар ҳама кор ва зиндагии худ ба халқ бо нияти нек хизмат карданро фаромӯш накунад. Ба қавли Рӯдакӣ, ҷаҳон мисли дарёест, ки агар кас хоҳиши аз он гузаштан дошта бошад, бояд дар зиндагӣ ҳамеша некӣ кунад ва аз некномӣ ёдгорие ба вуҷуд оварад:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Яке аз хидматҳои беҳамтову безаволи устод Рӯдакӣ ин аст, ки маҳз дар осори гаронмояи ӯ бунёди тамоми жанрҳои маъмулу маъруфи адабиётамон, мисли ғазал, қасида, маснавӣ, дубайтиву рубоиву қитъа… гузошта шудааст. Барои як нобиғаи ҷаҳонӣ ин кори андак нест. Ҳол он ки боз аз даҳҳо хуҷастагиву навовариҳои эҷодиёти устод Рӯдакӣ метавон ҳарф зад. Масалан, ин ки аксари кулли навиштаҳои ӯ баъд аз ҳазорон сол ҳам аз ҷиҳати мавзӯъ ва ҳам аз ҷиҳати забону баён имрӯзианду ба дарди халқ мехӯранд ва фардо ҳам ҳамнафаси рӯз хоҳанд монд.
Осори Рўдакиро қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, маснавӣ ташкил медиҳад.
Достони «Калила ва Димна» яке аз асарҳои бузурги Рўдакӣ буда, шоир онро аз рӯи тарҷумаи Балъамӣ ба риштаи назм кашидааст. Он асари панду ахлоқист. Дар он тарғиби одоби баланд, ахлоқи пок, одамгарӣ, дӯстӣ, рафоқат ва дониш тасвир шудааст.
Ғайр аз ин шоир «Синдбоднома» ва панҷ маснавии дигар доштааст. Яке аз онҳо «Даврони офтоб» мебошад, ки дар бораи ҳаракат ва хосиятҳои табиии офтоб баҳс мекунад ва ин асар олим будани Рўдакиро исбот мекунад.
Қасидаи «Модари май»-ро Рўдакӣ ба малики Хуросон Абуҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад бахшида будааст.
Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» аз 34 байт иборат аст. Он шарҳиҳолӣ буда, шоир онро дар айёми пирӣ ва рўзҳои сахти зиндагӣ навиштааст. Дар ин қасида Рўдакӣ лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти худ, хусусан гардишҳо ва баланду пастиҳои онро ба ёд меорад. Қасида аз ҷиҳати устухонбандӣ ба панҷ қисмат ҷудо мешавад.
Дар панду андарз ва ҳикматҳои Рўдакӣ мазмунҳои умумиинсонӣ, аз қабили тарғиби илму дониш, раҳму шавқат, рафоқату дӯстӣ мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Шоир бо ин роҳ дар тарбияи инсони комил ва парвардани ахлоқи хуб то имрўз ҳисса мегузорад. Рўдакӣ фарҳангро беҳтарин сарвати маънавии инсоният шумурда, аз он ҳар чӣ бештар баҳра бародоштанро талқин мекунад:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рўй бар ин ганҷ неҳ.
Ёдовар мешавем, ки соли 2008 бо пешниҳоди Президенти мамлакат аз тарафи ЮНЕСКО 1150 – солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил шуд. Дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд, ки баргирифта аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошанд.
Ба ин муносибат дар Боғи ба номи Рўдакӣ дар радифи пайкараи Исмоили Сомонӣ- асосгузори нахустин давлати миллии тоҷикон- Сомониён гузоштани муҷассамаи шоир далели қадрдонию эҳтироми халқу давлат ва Сарвари давлат ба фарзанди арзандаи хеш мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш, Сангвор, Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
Китоби «Аз забони ориёӣ то забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Сахидод Раҳматуллозода: «Ба фарзандонатон номҳое гузоред, ки дар оянда аз он ифтихор намоянд»
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои ғарб» соҳиби Шоҳҷоиза шуд
Директори АМИТ «Ховар» дар Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Имрӯз дар Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд






