ИСКАНДАРКӮЛ — ТАМОШОГАҲИ ҶАҲОНГАРДОН. Ва ё мӯъҷизае андар оғӯши қаторкуҳҳои Ҳисору Фон
ДУШАНБЕ, 04.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Водии Зарафшон чун дигар гӯшаҳои биҳиштосои Тоҷикистон дорои мавзеъҳои хушманзараю нотакрор буда, қуллаҳои баланди кӯҳсоронаш, хусусан қаторкӯҳҳои Фон, чашмаю дарёҳои хурӯшон, обҳои ширину зулолаш ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшанд. Ин аст, ки ҳамасола ба тамошои мавзеъҳои зебоманзараи ин водӣ, аз ҷумла Искандаркӯл садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ меоянд.
Зимни баргузории машғулияти навбатии маҳфили экожурналистон, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд, хабарнигороне, ки масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зистро инъикос менамоянд, аз парваришгоҳи Искандаркӯл боздид намуда, бо хусусиятҳои хоси табиии ин гӯшаи дилфиреби табиати Тоҷикистон ва олами бойи набототу ҳайвоноти он шинос гардиданд. Доир ба ин мӯъҷизаи нотакрори табиати водии Зарафшон- Искандаркӯл хабарнигори АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад.
Марвориде дар кафи кӯҳҳо
Искандаркӯл яке аз кӯлҳои зеботарини Тоҷикистон мебошад. Он дар баландии 2195-2260 метр аз сатҳи баҳр, дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Фон ҷойгир аст. Искандаркӯл аз шаҳри Душанбе дар масофаи 120 км, аз шаҳри Хуҷанд дар масофаи 240 км ва аз шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар масофаи 24 км ҷойгир шудааст. Кӯл шакли секунҷа дошта, масоҳаташ 3,9 км мураббаъ аст. Аз даромадгоҳ то Панҷчашма беш аз 3,2 км ва аз тарафи шимол ба ҷануб 2,9 км ва дарозии хатти соҳили кӯл 14 километрро ташкил медиҳад. Умқи кӯл 71,7 метр буда, ҷуқурии миёна 50,8 метр ва дидани шафофияти оби кӯл 1,7 метрро ташкил медиҳад. Искандаркӯл 172 миллион метри мукааб захираи об ва 741 км мураббаъ ҳавзаи обғундор дорад. Вобаста ба фаслҳои сол ин ҳаҷм тағйир меёбад. Пажӯҳишгарон бар он ақидаанд, ки дар ибтидо сатҳи оби кӯл баландтар, яъне беш аз 120 метр будааст ва нишонаҳои он то имрӯз дар кӯҳҳои атрофи кӯл нақш бастаанд.
Иқлими Искандаркӯл нарм ва кӯҳӣ мебошад. Пас аз кашфи Искандаркӯл аз тарафи олимон соли 1937 кӯҳҳои Ғазнаи калон баландиаш 5306 метр, Чимтарға- 5489 метр дар байни ҷаҳониён ва кӯҳнавардон машҳур гаштаанд. Марзи онҳоро Нова ва дарёҳои Пасрӯд, Фондарё, Саратоғ ва сойҳои Уреғ, Вору, Арчамайдон ҷудо менамоянд ва онҳо ба кӯли Искандар мерезанд. Тадқиқоти геологӣ ва зилзилагӣ бозгӯи он аст, ки ин кӯл дар замонҳои хеле қадим, дар натиҷаи афтидани кӯҳ ва сари роҳи дарёчаҳои Ҳазормеш, Саритоғ, Сарима ва Моронро банд кардан ба вуҷуд омадааст. Кӯҳи афтида 1,5 км паҳноӣ ва 600 метр баландӣ дорад. Кӯл он вақтҳо дучанд калон будааст.
Шаршараи Искандар — макони диданӣ барои сайёҳон
Аз кӯл Искандардарё ҷорӣ мешавад. Ин дарё аз болои кӯҳи афтида ҷорӣ шуда, ба ҷараёни қадими худ меафтад ва яке аз шаршараҳои зебои дунёро ба вуҷуд овардааст. Таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро асосан ҳамин шаршараи боҳашамати поёноби Искандаркӯл ба худ ҷалб менамояд. Шаршараи Искандар яке аз ҷойҳои ҷолиби диққат буда, 1,3 км шарқтар аз сарчашмаи Искандардарё воқеъ гаштааст. Шаршараи Искандар хеле пурталотӯб ва хурӯшон буда, аз баландии 45 метр ба поён сарозер мешавад ва аз дузина иборат аст. Дар тарафи рости даромадгоҳи кӯли Искандар, дар резишгоҳи сойчаи Сарима боз як кӯли хурдакаки атрофаш дарахтзор ҷойгир шудааст, ки онро «Кӯли морон» меноманд.
Чаро кӯл номи Искандарро гирифт: ривоят ва воқеъият
Мувофиқи ривоятҳо Искандаркӯл номи яке аз сипаҳсолори бузурги Юнону Рум (356 — 323 пеш аз мелод) Искандари Мақдуниро, ки соли 329 пеш аз мелод Осиёи Миёнаро забт намуда буд, ба худ гирифтааст. Дар миёни мардум ривоятҳои зиёд бо номи Искандари Мақдунӣ ва ин кӯл мавҷуданд. Ривояте ҳаст, ки «Искандари Мақдунӣ аснои сафараш ба Ҳинд аз ин кӯл дидан намуда, дар онҷо хайма зада, истироҳат мекунад. Аспи дӯстдоштаи Искандар -Бутсефал аз оби сарди кӯл менӯшад ва бемор мешавад. Вақти сафар Искандар аспбони худро барои нигоҳубин ва табобати аспаш дар он ҷо монда, бо сипоҳиёнаш ба роҳ мебарояд. Вақте ки асп сиҳат мешавад, аспбон дар рафторҳояш як чизи ғайримуқаррариро ҳис мекунад. Баъди чанд рӯз аспи Искандар ҳангоми чаридан давон ба як қуллаи баланди кӯҳ баромада, якбора чунон шиҳаи баланд мекашад, ки атроф ба ларза медарояд ва худро ба кӯл мепартояду ғайб мезанад. Бино ба ривояти пирони рӯзгордида Бутсефал гӯё марги соҳибашро, ки вақти бозгашт аз Ҳинд дар роҳ бемор шуда мефавтад, эҳсос намуда, ба қаъри кӯл меравад. Гӯё аз он аҳд ҳар моҳ шаби моҳи мунир оби кӯл тақсим мегардад ва аз байни он аспи Искандар – Бутсефал дар иҳотаи аспбонону сипоҳиён намудор мегардад ва ишакунон чарида, қариби субҳ боз ба қаъри кӯл бармегардад».
Тибқи ривояти дигар, гӯё ин кӯлро Искандари румӣ ҳангоми Бутамонро забт карданаш бо қувваи аскарону асиронаш сохтааст. Ё гӯё Искандари Мақдунӣ барои ҷазо додани суғдиён, ки Искандарро итоат намекарданд, пеши дарёро баст, оби ҷамъшударо cap дода, деҳаҳои поёнобро ғарқ намуд ва сокинонаш маҷбур шуданд, ки муқобилиятро қатъ намоянд.
Аммо сарчашмаҳои таърихӣ ин ривоятҳоро рад мекунанд. Тавре зикр шуд, ба Искандаркӯл оби дарёчаҳои Сарима, Ҳазормеш, Саритоғ ва Оби Морон мерезад. Аз кӯл як рӯд, ки бо номи Искандардарё машҳур аст, берун меояд. Пайдоиш ва ташаккули Искандаркӯлро ба рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин ва дигар ҳодисаҳои табиӣ марбут медонанд. Инчунин калимаи «Искандар» суғдӣ буда, маънояш «иск»- баландӣ, «дар» — маҳалла, макону дара мебошад. Имрӯз бо решаи калимаи «искӣ»-яъне «баландӣ» даҳо деҳаҳо дар Ҳисор, Айнӣ ва Ванҷ мавҷуданд. Аз ин рӯ, маънои дурусти Искандаркӯл «кӯл дар баландӣ» буда, ҷойгиршавии мавқеи ҷуғрофии он дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр бозгӯи ин гуфтаҳост.
Чаро Искандаркӯл моҳӣ надорад?
Оё дар обҳои Искандаркӯл моҳӣ зиндагӣ мекунад? Дар посух ба ин савол мудири парваришгоҳи Искандаркӯл Муродулло Каримов гуфт, ки дар Искандаркӯл мавҷуд набудани моҳӣ ба чанд омил марбут аст. Якум ин ки оби кӯл хеле сард буда, ҳарорати он дар мавсими тобистон +12+16 дараҷаро ташкил медиҳад. Агар ба кӯл моҳӣ оварда, сар диҳем, он тавассути шаршара, ки аз баландии 45 метр ба поён сарозер мешавад, ба поёни дарё мефарояд. Ҳамзамон қаъри Искандаркӯл, ки 71 метрро ташкил медиҳад, дар он барои моҳиҳо хӯрока пайдо намешавад. Дар кӯл ягон намуди ҳайвоноти обӣ вуҷуд надорад.
Панҷчашма мавзеест, ки аз панҷ ҷойи зери қаторкӯҳҳои Ҳисор об фаввора мезанад
Дар ғори Искандар, ки дар қисмати ҷанубии кӯл дар шафати Панҷчашма воқеъ аст, ривоят мешавад, ки дар ин ҷо Искандари Мақдунӣ замоне зиндагӣ кардааст. Панҷчашма мавзеест, ки аз панҷ ҷойи зери қаторкӯҳҳои Ҳисор об берун меояд. Дар ин бора ривояте вуҷуд дорад, ки Искандар ва сипоҳиёнаш ҳангоме, ки бо аспҳояшон болои сангҳо ҳаракат мекунанд, аз сангҳои кӯҳ об фаввора зада берун меояд.
Оби Искандаркӯл сард ва тозаву нилгун аст
Оби Искандаркӯл тозаву нилгун ва сард буда, дар фасли тобистон +12+16 дараҷа гарм мешавад ва дар соҳилҳои пӯшидаи он ки чуқур нестанд, оббозӣ намудан ҷоиз аст. Дар фасли зимистон оби кӯл ях мебандад. Тавре мудири парваришгоҳи Искандаркӯл гуфт, зимистони солҳои 2020-2021 оби кӯл то ним метр як баста буд, ки он дар чор-панҷ соли охир бесобиқа аст. Мутаассифона, то ҳанӯз Осорхонаи табиии парваришгоҳи Искандаркӯл таъсис дода нашудааст ва дар борааш корҳои илмӣ –тадқиқотӣ низ бурда нашудаанд, мегӯяд мудири парваришгоҳи Искандаркӯл Муродулло Каримов.
Дар атрофи Искандаркӯл рустаниҳои нодир мерӯянд
Дар атрофи Искандаркӯл намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки бештари онҳо аз нодиртарин рустаниҳо маҳсуб меёбанд. Дар мавсими тирамоҳ дар парваришгоҳи Искандаркӯл дар асоси нақша ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахши кӯҳӣ ва меваҳои ҷангалӣ, аз қабили себ, чормағз, санҷид, зардолу, олу, олуча, зира, зирк, ангат, хуч ва ғайра ҷамъоварӣ гардида, ба хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ супорида мешаванд, мегӯяд мудири парваришгоҳи Искандаркӯл Муродулло Каримов.
Инчунин парваришгоҳи Искандаркӯл дорои ниҳолхона буда, дар он ниҳолҳои гуногуни себ, олуча, олу, чормағз, бодоми талх, бед, сафедор, тӯс, арча парвариш гардида, дар мавсими баҳор дар гирди кӯл ва доманакӯҳҳои атрофаш шинонида мешаванд.
Омодагӣ барои гузаронидани корҳои биотехникӣ
Олами набототу ҳайвоноти ин гӯшаи зебои Тоҷикистон гуногун буда, асосан макони зисти хирси малла беш аз 200 сар, бузи кӯҳӣ 300-360 сар, бабри барфӣ ва парандаҳо, аз қабили мурғобӣ, санги сангвор, кабки кӯҳӣ ва дигар парандаҳо мебошад. Алҳол дар парваришгоҳ барои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон бо ҷалби ҷангалбонҳо барои гузаронидани корҳои биотехникӣ тайёрӣ рафта истодааст.
Барои ҳайвонот ва парандагони нодир, ки дар парваришгоҳ сукунат доранд, ҷав, гандум, алафҳои хушк ва дигар намуди дон ҷамъоварӣ ва захира гардидаанд.
«Дар ин ҷо шикор манӯъ буда, назоратро дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот пурзӯр намудаем», мегӯяд мудири парваришгоҳи Искандаркӯл Муродулло Каримов. Солҳои охир дар парваришгоҳ ҳайвоноти нодир ва парандаҳо афзоиш ёфтаанд. Соли равон дар парваришгоҳ ягон ҳолати шикори ғайриқонунӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ба ин мавзеи зебои Зарафшон сайёҳони дохилӣ меоянд, дар баъзе маврид аз ҷониби онҳо буридани дарахтон ва буттаҳо мушоҳида мешавад, меафзояд мусоҳиб.
Искандаркӯл — тамошогоҳи ҷаҳонгардон
Бо манзараҳои зебову нотакрор, обу ҳавои дилкушо ва олами бои набототу ҳайвонот Искандаркӯл қалби ҳазорон сайёҳонро тасхир намудааст. Ба ин мавзеи хушманзара сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ асосан тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ташриф меоранд, дар даромадгоҳ ба қайд гирифта мешаванд ва роҳбаладон онҳоро роҳбаладӣ ва назорат менамоянд. Тавре мудири парваришгоҳи Искандаркӯл мегӯяд: солҳои пеш дар як рӯз то 300-500 сайёҳ ташриф меовард, алҳол то 50-80 нафар ба тамошои ин гӯшаи зебои Тоҷикистон меоянд. Зарфи ду соли охир шумораи сайёҳон вобаста ба пандемия ба ин мавзеъ коҳиш ёфтааст. Дар ин мавзеи хушманзара пойгоҳи туристии Искандаркӯл фаъолият дорад, ки дорои меҳмонхона, ошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ аст.
Роҳе, ки аз шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд то Искандаркӯл мебарад, ҳанӯз соли 1974 бунёд гардида, фарсуда ва таъмирталаб мебошад. Бо фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ ва сатҳи баланд имкон дорад, ки дар оянда ин мавзеи мӯъҷизаосои табиати кишвар ба тамошогоҳи сайёҳону ҷаҳонгардон табдил гардад, зеро табиати беназири он тамоми латофату назокати худро дар ин гӯшаи кӯҳистони Тоҷикистон арзонӣ доштааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз АМИТ «Ховар».