«АҲМАДШОҲИ МАСЪУД МИҚДОРИ ХОКЕ НЕ, БАЛКИ МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАФАККУРИ ИНСОНИСТ!». Дар Душанбе маросими ёдбуди шаҳиди роҳи озодию сулҳи Афғонистон доир шуд

Сентябрь 10, 2021 14:15

ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Сафорати Афғонистон дар Душанбе маросими ёдбуд ва бистумин солрӯзи  шаҳодати  Қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд  доир гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар маросими ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд аҳли илму фарҳанг, сиёсатшиносон ва шахсиятҳои шинохтаи ду давлат- Тоҷикистон ва Афғонистон, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма  ҳузур доштанд.

Нахуст  суруди миллии Афғонистон садо дод. Сипас Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба арвоҳи поки шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд санову дуруд фиристод.  Ҳамзамон мавсуф ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотири шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд арзи сипос кард ва гуфт, ки воқеан дар рӯзи сахтӣ дӯстро аз душман метавон ҷудо кард.

Муҳаммадзоҳир Ағбар доир ба корнамоии ин шахсияти барҷастаи сиёсии Афғонистон сухан карда, нақши онро  дар ҳифз ва ҳимояи хоки Афғонистон аз неруҳои бегонаю ҳузури онҳо ва таъмини сулҳу ваҳдат махсус зикр карда, бо таассуф гуфт, ки имрӯз толибон санги мақбараи пурифтихори Қаҳрамони миллиро беҷо карданду ба хокаш даст заданд.

“Бояд бидонанд, ки Масъуд миқдори хоке нест, балки  ӯ як мактаби фикр, мактаби тафаккури инсонист, ки рӯҳаш ҳамешагӣ ба ифтихору номуси баланди ватандорӣ ва ҳифзи меҳан аз ғосибон даъват мекунад”,-гуфт  ӯ ва афзуд:

Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,

Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.

Дар маҳфил ҳамзамон шахсиятҳои дигар низ ибрози назар карда, зикр сохтанд, ки  Аҳмадшоҳи Масъуд барои озодӣ ба по хест ва то поёни умр ба сари паймоне, ки баста буд, истод ва дар ин роҳ ҷон супурд. Ў инсони ҷасур, парҳезгор, шуҷоъ, мутаққӣ ва ғайривобаста буду ишқи ӯ ба сарзамини Афғонистон ва вобастагиаш ба мардумаш буд.

Дар маросим солрӯзи марги шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ба хонаводаву ҳамсангарон ва ёрону дӯстонаш таслият гуфта шуд. Иброз гардид, ки 20 сол сипарӣ шуд, аммо роҳ, андеша ва тафаккури ин абармард ҳамчунон ҷовидона аст.

Аҳамадшоҳи Масъуд дар деҳаи тоҷикнишини Ҷангалаки вилояти Панҷшер, воқеъ дар шимоли шаҳри Кобул, дар оилаи полковники полис Шоҳӣ Дӯст Муҳаммадхон таваллуд шуда, дар дабистони Истиқлол сабақ омӯхтааст. Соли 1970 — дар 17-солагӣ Аҳмадшоҳ ба худ тахаллуси Масъуд («хушбахт»)-ро гирифт. Соли 1973 ба Донишгоҳи политехникии шаҳри Кобул (факултаи сохтмон ва архитектурӣ) дохил шуд, вале баъд аз ислоҳоти Шоҳ Довуд (1973) ба вилояти Пешовари Покистон муҳоҷир шуд. Дар онҷо ба ҳаракати мухолифини исломӣ, ки Бурҳонуддин Раббонӣ сарварӣ мекард, ҳамроҳ шуд.

Соли 1975 дар шӯриши бебарори Панҷшер бар зидди диктатураи Довуд иштирок намуд. Иштирокдори ҷанги солҳои 1979-1989 дар  Афғонистон аст. Бар зидди ӯ артиши Иттиҳоди Шӯравӣ  9 маротиба амалиёти ҷангӣ гузаронид, аммо ягон маротиба муваффақ нашуд. Аҳмадшоҳи Масъуд соли 1988 духтари ёрдамчии наздики худро ба занӣ гирифта, соҳиби 6 фарзанд шуд, ки 5-тоаш духтар ва яке писар- Аҳмад Масъуд  аст.

Ӯ ягона сарлашкари муҷоҳидин мебошад, ки соли 1982 бо сипоҳиёни Иттиҳоди Шӯравӣ созишномаи сулҳ бастааст. Бо ҳамроҳии Раббонӣ ба Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон сарварӣ кардааст. Дар аввалҳои соли 1990 барои сохтани давлати алоҳидаи зиддипаштунӣ бо сарварии тоҷикон дар шимоли Афғонистон баромад кардааст.

Баъд аз хуруҷи аскарони шӯравӣ аз хоки Афғонистон соли 1989 дар шимолу шарқи Афғонистон давлати алоҳидае бо номи “Масъудистон” ташкил кард, ки аз ҷумла маҳалҳои Парвон, Тахор, Бағлон, Бадахшон ва ғайраро фаро мегирифт.

Масъуд  9 сентябри соли 2001 дар вақти мусоҳиба тарконда шуд. Террористони худкуш худро рӯзноманигор хонда, дар камера маводи тарканда пинҳон кардаанд, ки бо он ӯро тарконданд.

Зиндагии  Аҳмадшоҳи Масъуд 10 сентябри соли 2001 ба охир расид. Вай 48 -сола буд ва то он замон аллакай чун қаҳрамони Афғонистон шинохта шуда буд.

 София ШОИК,
Тоҳирҷон САИД,
АМИТ “Ховар”

Сентябрь 10, 2021 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо имконоти сайёҳии дараи Ромит шинос мешаванд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иқтидори бойи обию энергетикии Тоҷикистон шинос мешаванд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Хадамоти алоқа иштирокчиёнро бо интернети баландсуръат таъмин менамояд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Барои меҳмонон хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда мешаванд
Ҷавонон дар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо чӣ гуна саҳм мегузоранд?
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштироки беш аз 1000 намоянда дар назар дошта шудааст
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Он мавқеи пешоҳангии Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти обу иқлим мустаҳкамтар менамояд
Пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷ тақрибан ба дарозии 828 метр коҳиш ёфтааст
Дар Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Тоҷикистон чун давлати дорои захираҳои бузурги об ва пирях дар масъалаи ҳифзи обу пиряхҳо нақши муҳим дорад
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Иштирокдорони ин чорабинӣ бо мероси ғании фарҳангии мардуми тоҷик аз наздик шинос мешаванд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар доираи ин чорабинӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад