7 варзишгари маъруфи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 октябр то 6 ноябр дар шаҳри Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон баргузор мешавад, хабар дод корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Дар чемпионати мазкур 650 нафар варзишгарон аз 105 давлати дунё ширкат мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 11-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо 7 варзишгари шинохта намояндагӣ мекунанд, ки инҳо Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Баҳодур Усмонов (63.5кг), Саидикром Амонов (67кг), Абдумалик Болтаев (75кг), Шаббос Негматуллоев (80кг), Парвиз Каримов (92кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (+92кг) мебошанд.
Варзишгарони тоҷикро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамчунин довари дараҷаи олимпӣ аз Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов сабқатҳои ҷаҳониро ҳакамӣ менамояд.
Хотиррасон мешавем, ки бори аввал дар таърихи бокси ҷаҳон чемпионат аз рӯи 13 вазн баргузор мешавад. Инчунин ба ғолибон ва ҷоизадорон ҷоизапулии назаррас тақдим мегардад. Фонди ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс-2021 2,6 миллион доллар муқаррар шудааст. Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 100 000 доллар, ба барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар тақдим хоҳад шуд.
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 3 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Абдусалом Ҳасанов соли 2003 дар шаҳри Бангкоки Тайланд дар вазни 57кг, Шералӣ Достиев соли 2005 дар шаҳри Мйаняни Чин дар вазни 48кг ва Анвар Юнусов соли 2011 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни 56кг сазовори ин ҷоизаҳо шуданд.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид
Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






