БОЗЁФТИ ОСОРИ ЗИНДАГИИ ОДАМОН ДАР ХОВАЛИНГ ТАҚРИБАН ЯК МИЛЛИОН СОЛ ПЕШ. Як гурӯҳ олимони бостоншиноси тоҷик назари худро дар ин бора ба АМИТ “Ховар” пешниҳод намуданд

Октябрь 20, 2021 11:18

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бостоншиносони тоҷик дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷиашон дар Ховалинг нишонаҳоеро пайдо кардаанд, ки осори зиндагӣ дар тақрибан як миллион сол пешро нишон медиҳад.

Ҳайати 40 нафараи бостоншиносон аз Русия, Дания, Шветсия, Олмон, Эрон, Норвегия ва Тоҷикистон се соли пеш ковишҳои худро дар Ховалинг оғоз карда буданд.

Бостоншиносон, ки рӯзи 12-уми октябр натиҷаи як бахши кори худро ҷамъбаст карданд, гуфтанд, нигора ва сангпораҳое, ки аз мавзеъҳои Кулдара, Хонақоҳ, Хонақоҳ 1-2 ва Оби Мазори Ховалинг пайдо шудааст, осори зиндагӣ дар 800-900 ҳазор соли пешро нишон медиҳад.

Як гурӯҳ олимони тоҷик назари худро дар ин бора ба АМИТ “Ховар” пешниҳод намуданд.

Рӯзҳои охир тавассути расонаҳои хабарӣ доир ба натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг сару садоҳои зиёде ба миён омада, боиси нофаҳмӣ ва ё шарҳу тавзеҳоти гуногун гардидаанд. Ҳатто то ба ҳадде, ки ин мавзеъро макони сукунати нахустин одам дар рӯзи Замин эълон намуда, таҷлили ҷашни таърихии зиёда аз якмиллионсолаи онро пешниҳод менамоянд.

Аммо, воқеият он аст, ки чунин ёдгориҳо дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят зиёд мебошанд. Аз ҷумла, қадимтарин осори одамони ибтидоӣ дар ҳудуди Африка (маданияти Олдувай) ва силсилаи ёдгориҳои ҳудуди Фаронсаи имрӯза, ёдгориҳои Чин,  Осиёи Марказӣ, осори давраи қадимтарин дар ҳудуди Тоҷикистон, ба мисли Қаратоғ, Қарамайдон, Кӯлдара, Лоҳутӣ, Обимазор, Қуруқсой ва  Хонақо бозёфт шудаанд.

Таҳқиқоти олимони бостоншинос барои чӣ лозиманд?

Омӯзишу таҳқиқи ин ёдгориҳо танҳо бо мақсади муайян намудани марҳалаҳои асосии таърихи қадимтарини ҷомеаи инсонӣ ва роҳҳои ташаккули он мебошад. Аз ин рӯ мо зарур донистем, ки доир ба мақсад ва  аҳамияти илмии таҳқиқи бостоншиносии қадимтарин марҳалаи таърихи инсоният ба хонандагон маълумоти мушаххас пешниҳод намоем.

Қадимтарин давраи таърихи инсоният, ки дар байни бостоншиносон бо номи асри санг маъмул аст, яъне даврае, ки инсон ба сифати олоти меҳнат сангро истифода мебурд ва ё онро барои истифода дар рӯзгори хеш мувофиқ месохт, тӯлонитарин марҳалаи таърихи башар аст. Бо андешаи муҳаққиқон, раванди ташаккули ҷомеаи инсонӣ ва шаклгирии одами имрӯза тақрибан 2,6 миллион сол муқаддам оғоз ёфтааст. Аз ин марҳала то истифодаи филизот дар рӯзгори одамони ибтидоӣ, ки тахминан 9-7 ҳазор сол қабл аз ин ба вуқуъ омадааст, ба асри санг рост меояд. Олимон вобаста ба рушди ҷисмонии одамон ва сайқал ёфтани олоти сангии меҳнат асри сангро боз ба давраҳои  алоҳида, ба мисли палеолит — асри қадими санг, мезолит – асри миёнаи санг, неолит – асри нави санг тақсим менамоянд. Ҳар давраи асри санг боз дар навбати худ ба марҳалаҳои хурдтар тақсимбандӣ мешавад.

Одамони асри санг, махсусан давраи палеолит дар муҳити табиие зиндагӣ мекарданд, ки олами ҳайвоноту наботот, иқлим ва манзара (ландшафт)-и он аз олами табиии имрӯза ба куллӣ фарқ мекард. То ибтидои давраи неолит, яъне асри нави санг одамон асосан аз маҳсулоти тайёри табиӣ истифода мекарданд, машғулияти асосии онҳо шикорчигию ҷамъоварии ғизо буд ва ба истеҳсоли маводи зарурии рӯзғор машғул намешуданд. Иқтисоди истеҳсолкунанда аз давраи неолит оғоз меёбад ва одамони ибтидоӣ шуғли нав — кишоварзӣ ва чорводориро аз худ менамоянд.

Омӯзиши таърихи давраи қадимтарин – асри санги минтақаи Осиёи Миёна ба нимаи аввали асри бист рост меояд ва он бо номи олими шинохта – бостоншиноси шӯравӣ А.П. Окладников  алоқаманд аст. Аз нимаи дувуми асри гузашта омӯзиши пайваста ва мунтазами археологии минтақа, аз ҷумла ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ меояд. Солҳои 1953-1959  гурӯҳи махсуси бостоншиносӣ бо роҳбарии А.П. Окладников дар ҳайати Экспедитсияи археологии тоҷикӣ-суғдӣ ба омӯзиши таърихи давраи палеолити ҳудуди ҷумҳурӣ машғул гардида, дар водиҳои Ҳисору Вахш осори зиёди ин марҳалаи таърихиро пайдо намуд. Соли 1955 бостоншинос В.А.Ранов осори мутааллиқ ба палеолити миёнаро дар водии Вахш пайдо кард. Умуман, осори давраи палеолит минбаъд аз мавзеъҳои Қарабура, Ошхона, Оқтангӣ, Шуғнов, Оғзикичик, Хуҷӣ, Қаратоғ, Лоҳутӣ, Кӯлдара ва ғайра давоми солҳои 60-90-уми асри гузашта кашф гардиданд. Аз ин ёдгориҳо бошишгоҳҳои Қаратоғ, Лоҳутӣ 1, Кӯлдара, Обимазор, Қарамайдон мутааллиқ ба давраи палеолити поён (800-200 ҳазор сол қабл аз ин) мебошанд.

Аввалин бошишгоҳи одамони қадимтарин дар мавзеи Каратоғи ноҳияи Ёвон соли 1973 бозёфт шуд, ки дар илми бостоншиносӣ маданияти қаратоғӣ ном гирифт. Тибқи ташхисоти лабораторӣ, соли хоки ин мавзеъ аз 200 то 600 ҳазор сол муқаррар гардид. Намунаи дигари ин маданият соли 1976 аз мавзеи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг пайдо карда шуд, ки синни онро мутахассисон тақрибан 500 ҳазор сол муқаррар намуданд. Аммо соли 1981 бостоншиноси шинохтаи тоҷик В. А. Ранов бошишгоҳи нави палеолитии Кӯлдараро дар ноҳияи Ховалинг пайдо намуд, ки он 800-950 ҳазор сол дошт. Он вақт дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ин бошишгоҳ ҳамчун қадимтарин мавзеи сукунати одамони ҷомеаи ибтидоӣ эътироф гардид. Баъдан ёдгории мансуб ба ҳамин давраи таърихӣ аз мавзеи Обимазор ва Хонақоҳи ноҳияи Ховалинг, Қаромайдони ноҳияи Файзобод низ аз ҷониби бостоншиносон кашф карда шуданд.

Омӯзиши археологии ҳудуди ҷумҳурӣ, махсусан осори давраи асри санг дар замони Истиқлолият вусъати тоза пайдо намуд. Аз ҷумла, солҳои 2020 ва 2021 дар  бошишгоҳҳои Кӯлдара, Хонақоҳ ва Обимазори ноҳияи Ховалинг экспедитсияи муштарак бо ширкати мутахассисони Тоҷикистон, Русия, Шветсия, Дания, Олмон, Норвегия дар доираи як лоиҳаи калони байналмилалии таҳқиқи роҳҳои асосии паҳншавии одамони ибтидоӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ гузаронида шуданд. Натиҷаи таҳқиқоти охир ва бозёфтҳои археологӣ ба ҳалли чандин масъалаи норавшан ва мушкилоти таърихи давраи қадимтарини минтақа равшанӣ ворид намуд. Пеш аз ҳама, экспедитсияи муштарак давраи муҳоҷирати одамони қадимтаринро дар минтақаи Авруосиё мушаххастар намуда, муайян намуд, ки Осиёи Марказӣ яке аз гузаргоҳҳои қадимтарини одамони ҷомеаи ибтидоӣ буда, тавассути он одамон ба  дигар минтақаҳо, ба мисли Сибир, Чин ва даштҳои Наздикаспий ҳаракат кардаанд. Баробари он тибқи таҳқиқоти навтарин ба синну соли баъзе аз бошишгоҳҳои давраи палеолити Тоҷикистон низ тағйирот ворид карда шуд. Аз ҷумла, ташхисҳо нишон доданд, ки бошишгоҳи Кӯлдара зиёда аз як миллион сол умр дорад.

Хулоса кардан мумкин аст, ки аввалин инсонҳо як миллион сол пеш сарзамини Тоҷикистон ва дигар минтақаҳои Осиёи Марказиро аз бар карда будаfнд. Сокинони қадимтарини ин бошишгоҳҳо, аз ҷумла мавзеи Кӯлдараро ҳомо эректус, яъне одами ба ду по рост ҳаракаткунанда меномиданд.  Намуди дуюми инсонҳои қадим, ки  ҳомо эректусро иваз намудаанд неандерталҳо мебошанд, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ нисбатан ба гузаштагони худ хеле пешрафта буданд. Неандерталҳо дар сарзамини Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ тахминан 100 ҳазор сол пеш пайдо мешаванд. Бошишгоҳҳои одамони неандерталӣ дар ноҳияи Тешуктоши Бойсун ва Амонқутани Самарқанд, Шаршари Тоҷикистон ва атрофи баҳри Норак, Булёни Поёни ноҳияи Данғара кашф шудаанд. Бошишгоҳҳои намуди одамони ҳозиразамон -Ҳомо Сапенс (одами боақл) дар Тоҷикистон дар мавзеъҳои Шугнов, баҳри Норак, Сайёди ноҳияи Данғара ва Харкуши ноҳияи Ҳисор бозёфт ва таҳқиқ шудаанд.

Ҳамин тавр, дар заминаи таҳқиқоти бостоншиносӣ метавон муқаррар намуд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон макони зист ва яке аз роҳҳои паҳншавии одамони қадимтарин маҳсуб мешавад. Яъне дар ҳудуди имрӯзаи кишварамон одамон ҳанӯз аз замонҳои қадимтарин сукунат доштаанд. Теъдоди бошишгоҳҳои асри санг, яъне қадимтарин давраи таърихи инсоният дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят зиёд мебошад ва бар замми он ҳар сол бо кӯшиши бостоншиносон шумораи онҳо бештар мегардад. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки шароити табиӣ, муҳити зист ва иқлими ин минтақа дар он давра барои зисти одамони ибтидоӣ хеле мувофиқ ва созгор будааст.

Таҳқиқоти бостоншиносӣ асосан барои равшанӣ андохтан ба таърихи марҳалаи қадимтарини ҷомеаи инсонӣ, ҳалли масоили илмӣ-таърихӣ, пайдоиш ва шаклгирии ҷомеаи инсонӣ, роҳҳои муҳоҷират ва таҳаввули ҷисмонию   фарҳангии одамони нахустин равона мегарданд. Барои ҳамин мо наметавонем  дар заминаи осори асри санг, пеш аз ҳама, бошишгоҳҳои давраи палеолит (асри қадими санг) ҳанӯз доир ба тамаддун ва фарҳанги инсони ибтидоӣ назари ба исботрасидаи илмиро пешниҳод намоем. Асосан марҳалаҳои ибтидоии таърихи инсоният тақрибан то охири давраи палеолит бо сабаби набудани далелҳо ва маводи воқеӣ дар заминаи фарзияҳои гуногуни назариявӣ тасвир карда мешаванд.

                             Юсуфшоҳ ЁҚУБШОҲ,
                  академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
                                                      Насрулло УБАЙДУЛЛО,
                   доктори илмҳои таърих, профессор,
                                       Саидмуроди БОБОМУЛЛО,
                                                              доктори илмҳои таърих

                                                     АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2021 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Дар доираи амалишавии «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дастовардҳои соҳа меафзояд
Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» ба Рӯзи кинои тоҷик ва 95-солагии коргардони маъруфи тоҷик Тоҳир Собиров бахшида мешавад
Пагоҳ Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешаванд
Туҳфаҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардиданд
Иди Меҳргон ҳамроҳ бо Фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал ва Иди себу ангур баргузор мегардад
Дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» оғоз мегардад
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Москва 1035-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ таҷлил гардид
Дар Хуҷанд намоиши «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи фалак барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи фалак таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад