Дар Ҳисор дар мавзӯи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳамоиш доир гардид
ҲИСОР, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили суиқасд ба ҷони худ, шомил шудан ба гурӯҳҳои тундгарою ифротгаро, рӯй овардан ба фарҳанги бегона ва ҷинояткорию дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби духтарон ба таҳсил ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо зимни ҳамоиши муштараки комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш, ки бо иштироки фаъолони ҷомеа ва кормандони ташкилоту муассисаҳо доир гардид, муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода зикр намуд, ки “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳнамои маънавӣ тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузошта, дар роҳи ба мақоми хирад расонидани фарзандон ҳамеша насиҳатҳои падарона менамоянд. Аз ин рӯ мо, шаҳрвандон вазифадорем, ки дар паҳлӯи омӯзгорон истода, бо ҷустуҷӯҳои фикрӣ дар рушди маориф ва таълиму тарбияи насли оянда саҳм гузорем ва дар соҳибфазилат гардидани фарзандон бетафовут набошем”.
Зикр шуд, ки ҳоло дар роҳи расидан ба маънавиёти баланд монеаҳои ҷиддӣ қариб вуҷуд надоранд, ба шарте ки дар мадди аввал манфиати давлату миллат қарор дошта бошад. Бинобар ин, барои баланд бардоштани сатҳи тафаккур ва дараҷаи худогоҳии падару модарони ҷавон бояд ҳамагон масъулият бар дӯш дошта бошанд.
Дар ҷамъомад намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаи кор бо занон ва оила оид ба ҳолатҳои ҷиноятсодиркунӣ ва қонуншиканиҳо миёни ноболиғон ва рафти иҷрои талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд. Инчунин бо иштироки аҳли толор муколамаи озод доир гардида, нисбат ба масъалаҳои ироашуда, ки доғи рӯз маҳсуб меёбанд, сархатиби шаҳр, собиқадорони соҳаи маориф ва дигар фаъолони шаҳр андеша ва пешниҳодҳои ҷолиб баён доштанд.
АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад






