Гулнора Ҳасанзода: Шумораи аҳолии Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли 2020 беш аз 9 миллиону 661 ҳазор нафарро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 12.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли 2020 9661,6 ҳазор нафарро ташкил дод. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил соли 2010 2097, 1 ҳазор нафар ё 27,7 фоиз ва нисбат ба маълумоти шумораи аҳолӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 347,8 ҳазор нафар ё 3,7 фоиз зиёд шудааст. Чунин зикр намуд директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода имрӯз зимни баргузории ҳамоиш бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, шарикони рушд дар мавзӯи «Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», ки дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён намуд.
Мавсуф зикр намуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 дар ҷумҳурӣ барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида шуд. Агентии омори назди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи байналмилалӣ гузаронидани ин маъракаи ҷаҳонӣ «Барномаи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»-ро тибқи стандартҳои байналмилалӣ бо назардошти тавсияҳо омода намуда, аз рӯи он амал намуд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки барои гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ беш аз 27 ҳазор нафар кормандони муваққатӣ аз ҳисоби аҳолии соҳибмаълумоти бекор, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунӣ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигарон ба ҳайси мудири шуъбаи барӯйхатгирӣ, дастурдиҳанда, назоратчӣ ва ҳисобчиён ҷалб карда шуданд. Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се тарз-яъне пур кардани варақаҳои барўйхатгирӣ бо истифода аз сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва усули анъанавии пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот сурат гирифт.
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Кабирҷон Ҷуразода зикр намуд, ки барӯйхатгири аҳолӣ ва фонди манзил дар идоракунии давлатӣ нақши калидӣ дорад. Зеро тавассути маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил на танҳо оид ба шумораи аҳолии мамлакат, инчунин дар бораи суръати афзоиши аҳолӣ, таносуби гурӯҳҳои он аз рӯи ҷинсият, синну сол, нишондиҳандаҳои таваллуду фавт, шуғл, сатҳи маълумот ва ғайра ахбори муфид ба даст меояд.
Ба гуфти Кабирҷон Ҷуразода, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат се маротиба ин маъракаи муҳими сиёсӣ доир гардид. Ҳукумати мамлакат ба ин масъалаи сиёсӣ таваҷҷуҳи бештар дорад.
Дар ҷараёни ҳамоиш зикр шуд, ки тибқи маълумоти ҷамъбастии натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020, аҳолии шаҳрак 2528,6 ҳазор нафар ё 26,2 фоиз ва аҳолии деҳот 7133 ҳазор нафар ё 73,8 фоизро ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи умумии мардҳо 4901 ҳазор нафар ва занҳо 4760,6 ҳазор нафарро ташкил додааст. Мувофиқи натиҷаҳои ҷамъбастии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил соли 2010 шумораи умумии мардҳо 3817 ҳазор нафар ва шумораи умумии занҳо 3747,5 ҳазор нафар буд.
Муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода зикр намуд, ки натиҷаҳои ниҳоии «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» давоми солҳои 2022-2024 дар 11 ҷилд:
— соли 2022 маълумот дар бораи шумораи ва ҷойгиршавии аҳолӣ, ҳайати синну солӣ, ҷинсӣ ва ҳолатҳои ақди никоҳ, ҳайати миллӣ ва донистани забонҳо, шаҳрвандии аҳолӣ, сатҳи маълумотнокӣ,
— соли 2023 маълумот дар бораи шумора ва ҳайати хонаводаҳо, манбаъҳои воситаи зиндагӣ, машғулият ва намудҳои фаъолияти иқтисодии аҳолӣ, фонди манзил ва шароити манзилии аҳолӣ, давомнокии истиқомат дар ҷои истиқомати доимӣ,
— соли 2024 маълумот дар бораи таваллуд ва фавти аҳолӣ, маъюбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъбаст ва дастраси истифодабарандагон гардонида мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз АМИТ «Ховар»








Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд






