ИФТИХОРИ МО! Ҷавони 17-солаи тоҷик соҳиби 223 000 доллар бурсияи донишгоҳи амрикоии «Duke Kunshan University» гардид
ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавони 17-солаи тоҷик Назирҷон Исмоил бо ихтирои барномаи наве соҳиби 223 000 доллар бурсияи донишгоҳи амрикоии «Duke Kunshan University» гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барномаи ихтироънамудаи Назирҷон Исмоил «Face recognition» мебошад. Он дар даромадгоҳи корхонаву муассиса насб карда шуда, чеҳраҳои шахсони воридшавандаро шиносоӣ мекунад. Дар ҳолати набудани маълумот дар бораи шахс хабар медиҳад, ки ин нафар бегона аст.
Бояд гуфт, ки Назирҷон Исмоил чанд барномаи дигар низ ихтироъ намудааст, ки яке аз онҳо «BeReade» мебошад.
Барномаи «BeReade» барои дастрас кардани вазифаҳои хонагии хонандагони мактаб хидмат мекунад.
Ҷавони тоҷик нақша дорад, ки чунин барномаҳои худро зиёд намуда, дар соҳаи технология саҳм гузорад. Ӯ ҳамчунин муаллифи чанд лоиҳа дар соҳаи технология мебошад.
Бояд гуфт, ки «Duke Kunshan University» донишгоҳи илмҳои гуманитарии сатҳи ҷаҳонӣ дар Куншани Чин буда, якчанд барномаҳои таълимии босифат ва инноватсиониро барои донишҷӯёни саросари ҷаҳон пешниҳод мекунад. Он моҳи сентябри соли 2013 дар доираи шарикии ИМА ва Чин миёни донишгоҳҳои «Duke University» ва «Wuhan University» таъсис ёфтааст.
АКС аз сомонаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҲҶТ








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид






