Намояндаи Тоҷикистон дар СММ аҳамияти расонидани кумаки мустақими фаврии гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистонро таъкид намуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат бо муовини мудири иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар умури барномаҳо Умар Абдӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФро мавриди баррасӣ қарор дода, ба раванди таҳияи Барномаи нави кишварии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва ташкили чорабинии канорӣ дар ҳошияи Конфронси оби Душанбе дар соли 2022 таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамчунин густариши минбаъдаи шарикӣ миёни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҷиҳати таҳкими устуворӣ бар зидди ҳамагирӣ низ баррасӣ шуд.
Дар робита ба вазъи имрӯзаи ҳуқуқи башар, бавижа ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифта, аҳамияти расонидани кумаки мустақими фаврии гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар таъкид шуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар маросими расмии таҷлили 250-солагии истиқлоли Амрико иштирок намуд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар дипломатия ҳамоиш доир шуд
Нишасти 5-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бар зидди терроризм доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад






