Саидмурод Фаттоҳзода: Дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ шарикии мустаҳками Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ зарур аст
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо бояд ба узви муҳими бахши амният дар минтақа табдил ёбад ва имрӯз дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонии асри 21 шарикии мустаҳками Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ зарур аст. Ин нуктаро имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода зимни мулоқот бо Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Маргарета Седерфелт ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадаанд, баён дошт, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо шарики муҳими байналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва аз ин рӯ сатҳи ба дастомадаи ҳамкорӣ бо шарикони аврупоӣ дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг баланд арзёбӣ карда мешавад.
Ҷаласаи ҳарсолаи Кумитаи байнипарлумонӣ ба анъана табдил ёфта, гувоҳи густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо маҳсуб мешавад. Аз ҷониби дигар, ин як навъ барномаест, ки дар он масъалаҳои мубрами дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд.
Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин иброз намуд, ки “бидуни вазъияти мӯътадил дар минтақа ҳадафҳои моро амалӣ кардан имконнопазир аст. Мо аз вазъи номусоид дар Афғонистони ҳамсоя хеле нигарон ҳастем».
Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба вазъи имрӯзаи Афғонистону минтақа ва ояндаи равобити дуҷониба табодули назар намуданд.
Дар хотима изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории парлумонии ҷонибҳо самарабахш ва қадами навбатӣ дар таҳкими муносибатҳои минбаъда хоҳад буд.
Дар мулоқот аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Гулбаҳор Ашурзода, Мавлудахон Мирзозода, Лутфия Абдухолиқзода сухан гуфтанд.
АКС: Маҷлиси намояндагон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд






