Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи мебелсозии ҶДММ «Акобир»-ро дар шаҳри Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 27, 2021 09:50

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи мебелсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акобир”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуралӣ Бекназаров бо харҷи қариб 3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо асосан номгӯи зиёди мебел, аз қабили мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона ва маҷмӯи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар маҷмуъ иқтидори солонаи коргоҳ коркарди зиёда аз 15 ҳазор тахтаи махсус, ба монанди ДСП, МДФ, ДВП ва истеҳсоли 600 маҷмӯи мебели гуногуни мулоим буда, дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла Туркия, Италия ва Чин ворид карда шудаанд.

Раванди истеҳсоли мебел, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи саноат мураккабтарин кор дониста мешавад, дар асоси дархости ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ пурра дар дохили корхона сурат мегирад.

Ашёи хом, ба монанди чӯбу тахта, фурнитура ва дигар қисмҳои металлӣ, ки барои истеҳсоли мебел зарур аст, аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад.

Ба  иттилои роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акобир”, тамоми намуди мебел, ки дар ин ҷо истеҳсол карда мешаванд, аз лиҳози тарҳ ва сифат ҷавогӯи стандартҳои замони имрӯз буда, дар бозори Тоҷикистон харидорони бештар доранд.

Дар саҳни ҳавлии коргоҳи нав маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд.

Ифтитоҳи коргоҳи мебелсозии ҶДММ “Акобир” дар шаҳри Бохтар 27.10.2021

Октябрь 27, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди мактаби №35-и деҳаи Шоразми шаҳри Ваҳдат бинои иловагии таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт ду муассисаи томактабӣ ва Маркази ҷавонон ба истифода дода шуд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ҳамоиши ҷавонони Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ вусъат меёбанд
Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мешавад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 107 адад расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ вусъат меёбанд
Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Бо ҷалби волонтёрон дар пойтахт ҳашарҳои экологӣ гузаронида мешаванд