Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва технологияи Туркия Мустафа Варанк мулоқот намуд

Октябрь 13, 2021 13:39

ДУШАНБЕ, 13.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва технологияи Туркия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Мустафа Варанк мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба тақвият бахшидани ҳамгироӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, сохтмон, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, энергетика ва сайёҳӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Таъкид шуд, ки новобаста аз паҳншавии бемории сироятии Ковид-19 дар шаш моҳи аввали соли 2021 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Туркия 187 миллион доллари америкоиро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 17,4 дарсад зиёд мебошад.

Ҳамчунин ҷонибҳо иброз доштанд, ки то ҳол имконияти ҷойдошта миёни Тоҷикистону Туркия пурра истифода нашудаанд ва дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ тақвият бахшидани фаъолияти ниҳодҳои дахлдори ҳарду ҷониб зарур шуморида шуд.

Октябрь 13, 2021 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар маросими расмии таҷлили 250-солагии истиқлоли Амрико иштирок намуд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар дипломатия ҳамоиш доир шуд
Нишасти 5-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бар зидди терроризм доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад