Шариф Ҳамдампур: «Ҳодисае, ки сад сол қабл ба сари тоҷикони Осиёи Миёна омада буд, ба сари тоҷикони Афғонистон омад»
ДУШАНБЕ, 15.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисае, ки сад сол қабл ба сари тоҷикони Осиёи Миёна омада буд, ба сари тоҷикони Афғонистон омад. Ин нуктаро зимни рӯнамоии китоби «Нома ба Панҷшер», ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гашт, роҳбари медиа-холдинги «Оила», сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур зикр намуд.
«Бадбахтона, сад сол қабл тоҷик пушту паноҳ надошт, вале тоҷикони Афғонистон дар симои Тоҷикистон пушту паноҳ доранд», — тазаккур дод ӯ.
Шариф Ҳамдампур бар он аст, бо вуҷуди он ки Тоҷикистон давлати хурд аст, вале ба икдоми бузург даст зад. Ӯ итминон дорад, ки гуфтушунидҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо ҳатман натиҷа хоҳанд дод ва муносибати ҷомеаи ҷаҳон нисбат ба вазъи феълии Афғонистон тағйир хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор ва публисисти шинохта Шариф Ҳамдампур соли 2006 бо Президенти собиқи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ мусоҳиба ороста буд, ки он бо номи «Пойдории давлат дар ангезаи миллист» дар маҷмӯаи мусоҳибаҳои муаллиф «Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст» ҷой дода шуддаст. Ин китоб соли 2020 аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст.
АКСҲО аз манбаъҳои боз








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид






