ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, душанбе, 284-умин рӯзи соли 2021 аст

Октябрь 11, 2021 08:00

11 октябри соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Люксембург созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро ба имзо расониданд.

***

10 сол пеш, 11 октябри соли 2011 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва  ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба амалиёт Ян Фишер ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар майдони назди Маркази савдои «Меҳргон»- и пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии шаҳри Душанбе аксияи экологии  «Мо метавонем!» баргузор гардид.

11 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии духтаракон.

***

Рӯзи кашфи Гавая.

***

Дар Абхазия рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

11 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

***

11 октябри соли 1949 дар нишасти 3-юми Созмони умумиҷаҳонии ташкилоти тиббӣ аввалин Кодекси байналхалқии ахлоқи тиббӣ қабул гардид.

***

11 октябри соли 2015 бахшида ба 70- солагии ЮНЕСКО ва Соли  оила дар Тоҷикистон дар театр-студияи «Падида» дар мавзӯи «Ман оилаи худро дӯст медорам» намоиши расмҳо доир шуд.

***

169 сол пеш, 11 октябри соли 1852 дар Австралия якумин донишгоҳ-Донишгоҳи Сидней ба кори худ оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1891 дар Стокголм аввалин осорхонаи этнографии «Скансен» дар фазои кушод ифтитоҳ ёфт.

***

11 октябри соли 1737 аз сабаби заминҷунбӣ дар Калкутта тақрибан 300 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

***

90 сол муқаддам, 11 октябри соли 1931 дар СССР оид ба пурра барҳам додани савдои хусусӣ қарор қабул карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд нахустин Форуми байналмилалӣ- иқтисодии «Суғд-2018» доир шуд.

 ***

Соли 1984 нахустин бор зани амрикоӣ Кэтрин Салливэн  ба фазои кайҳони кушод парвоз кард.

Октябрь 11, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш