Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат ҳамоиш доир мегардад
ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир мегардад. Дар ҳамоиши мазкур аз ҷониби коршиносон ва масъулини идораҳои марбута масъалаҳои коҳиш додани хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо, тартиби равонасозии ҷабрдидагони зӯроварӣ ба ҳуҷраҳои барқарорсозӣ, самтҳои асосии фаъолияти мутахассисон дар ҳуҷраҳои мазкур, роҳҳои устувори ҷалби духтарон ба таҳсилоти олӣ, омилҳои иҷтимоиву демографии зӯроварӣ дар оила ва пешгирии он, инчунин дигар паҳлуҳои мавзӯи мазкур мавриди муҳокима қарор мегиранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки аз 17 декабри соли 1999 Ассамблеяи генералии СММ бо қарори худ 25 ноябрро Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон эълон намуд, ки ин рӯз ҳамасола дар Тоҷикистон низ таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи муҳим ва ҳамчунин нишон додани нақши назарраси занон дар ҳаёти имрӯза мебошад.
Бояд зикр намуд, ки бахшида ба ин рӯз бо қарори махсуси СММ аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Хушунат аз калимаи арабии «хашуна» (яхшуну) гирифта шуда, маънояш «дағал будан, ба касе дағалӣ кардан, дуруштӣ» мебошад. Мутаассифона, хушунат имрӯз ба масъалае табдил ёфтааст, ки қисматае аз хонаводаҳоро фаро гирифтаву яке аз сабабҳои аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо гардидаааст. Аксаран ин зуҳурот аз ҷониби зану мард баробар сурат мегирад.
Тавре рақамҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд, дар баъзе мавридҳо хушунати хонаводагӣ ба худкушии одамон, бахусус ҷавонон оварда мерасонад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар моҳи июл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ доир мегардад
Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Оид ба амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пагоҳ Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мешавад
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба саҳми Пешвои миллат дар пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд






