Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд санги асоси бинои иловагӣ гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр зимни сафари Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода оид ба санҷиши ҳолати зимистонгузаронӣ дар тамоми сохторҳои қудратӣ дар вилояти Суғд санги асоси бинои иловагии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят гузошта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бинои мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2022 ба истифода дода мешавад.
Бинои маъмурии сохташаванда аз чор ошёна бо таҳхона иборат буда, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла 45 утоқи корӣ, ошхона, меҳмонхона ва толори варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар маросими гузоштани санги асос Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
АКСҲО: ВКД ҶТ









Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад






