Парчами давлатӣ имкон дод, ки ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ намоем,-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ дар Суғд
ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки “таърих шаҳодат медиҳад, ки парчамбардорӣ барои аҷдодони мо – тоҷикон, ҳанўз аз замонҳои дури таърих оғоз шуда, хосияти бузурги тарбиявию ахлоқӣ дорад. Имрўз мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.
Моҳи апрели соли 2014 дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ дар пояи баландиаш 55 метр парафшон гардид.
Барои тақвият бахшидани эҳсоси худшиносию худогоҳии ҳамватанон дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят майдонҳои Парчами давлатӣ ба истифода дода шуда, дар назди онҳо баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ аҳамияти зиёди тарбиявию ахлоқӣ дорад”.
Парчами давлатӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти худ бо диди нав назар андозем. Ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ карда, ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем.
Аз ҷониби аҳли фарҳанги вилояти Суғд барномаи ҳунарӣ намоиш дода шуд.
АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Дар Душанбе татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо ширкати Чин баррасӣ шуд
Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — тадбири намунавӣ дар байни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд






