РУСИЯ ҚОИДАҲОИ НАВИ ИМЛОИ ЗАБОНИ РУСИРО ТАҲИЯ НАМУД. Қаблан ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ низ тағйирот ворид шуда буд

Ноябрь 10, 2021 12:35

ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Вазорати маорифи Русия пешниҳод кардааст, ки қоидаҳои имлои забони русӣ навсозӣ  карда шаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» хабар медиҳад.  Лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи қоидаҳои нав ва тавзеҳот оид ба он дар портали лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Федератсияи Русия нашр шудаанд.

Дар матн нишон дода мешавад, ки ҳоло забони русӣ дар асоси «Қоидаҳои имло ва аломатҳои китобатии русӣ», ки соли 1956 — яъне зиёда аз 60 сол пеш тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

«Дар ин муддат дар баёни қоидаҳо якчанд камбудӣ ва носаҳеҳиҳои калон ошкор карда шуданд. Илова бар ин, тағйироте, ки қоидаҳои имлоро халалдор мекунанд, вожаҳои нав, навъҳои калима ва сохти он пайдо шудаанд, ки имлои онҳоро қоидаҳои мавҷуда танзим накардаанд ва бинобар ин тағйиротро аз сар мегузаронанд. Бисёр калимаҳои нав пайдо шудаанд: дилер, киллер, оффшор, дефолт, риэлтор, каратэ ва ғайра»,-омадааст дар ҳуҷҷат.

Ба ҷуз ин, дар забон воҳидҳои наве пайдо шудаанд, ки дар байни калима ва ҷузъи вожа қарор доштанд: мини, миди, такси, видео, аудио, медиа ва дигарон, ки қисмҳои аввалини калимаҳои мураккабро такрор мекунанд.

Дар қоидаҳои соли 1956 маълумотро дар бораи чӣ гуна навиштани онҳо бо қисми дигари калима  — якҷоя ё бо дефис пайдо кардан номумкин аст.

Вазорати маориф таъкид мекунад, ки маҷмӯаи нав қоидаи имлоро мукаммалтар ва ба вазъи феълии забони русӣ мутобиқ месозад. Дар тарҳ гуфта мешавад, ки ин санад бо дарназардошти эродҳои аъзои комиссияи имло дар Академияи улуми Русия то охири соли 2021 такмил дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ низ тағйир ёфта буданд. Тибқи қарори Ҳукумати кишвар «Дар бораи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 июни соли 2021 ба имзо расид, ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ 119 тағйирот ворид карда шуд.

Ҳамин тариқ, қоидаҳои қаблии имло, ки ҳанӯз соли 2011 қабул шуда буданд, аҳамияти худро аз даст доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4 октябри соли 2019 дар мулоқот бо зиёиёни тоҷик дастур дода буданд, ки бо дарназардошти камбудиву мушкилоти мавҷуда “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”-и нав таҳия гардида, ба ҳукумат пешниҳод шавад.

«Вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст»», — зикр намуданд Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат ба забоншиносон ёдовар шуданд, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад.

Дар асоси қоидаҳои нави имло, аз ҷумла, баъзе ҳарфҳо дигар хел садо медиҳанд. «Масалан, ҳарфи М, мувофиқи грамматикаи забони русӣ ҳамчун» эм «, Л – ҳамчун эл «, Н – ҳамчун Эн «, P – ҳамчун “Эр”, С — ҳамчун» “Эс” Ф – ҳамчун “Эф” талаффуз мешаванд. Минбаъд ин  ҳарфҳо тибқи қоидаҳои нави забони тоҷикӣ чун  «ме» «ле», «не», «ре», «се» ва «фе» садо хоҳанд дод.

Номҳои касбҳо бояд танҳо дар шакли мардона истифода шаванд. Аз ин ба баъд истифодаи вожаҳое, аз қабили «муаллима», «раиса», «котиба», «шоира», «адиба» ғалат  аст — ба ҷои онҳо калимаҳои «муаллим», «раис», «котиб», «шоир»-ро истифода бурдан зарур аст.

Дар Қоидаҳои нави имло ҳарфи «й» дар вожаҳои решагӣ, аз қабили «лойи замин», «чойи сабз» нигоҳ дошта мешавад.

Бояд гуфт, ки тайи солҳои истиқлолияти давлатӣ бори сеюм аст, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тағйир меёбанд. Забоншиносон далел меоранд, ки забон пайваста инкишоф меёбад: калимаҳои нав пайдо мешаванд, маънои калимаҳои кӯҳна дигар мешавад. Дар раванди ба даст овардани маъноҳои нав баъзе воҳидҳои луғавӣ мақоми худро иваз карда, ба дараҷаи дигари забонӣ мегузаранд.

                                                   АКС: РИА «Новости»

Ноябрь 10, 2021 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид