ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, панҷшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2021 аст

Ноябрь 18, 2021 08:00

18 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори 19 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуданд.

***

5 сол пеш, 18 ноябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Сарбанд ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ташриф оварда, баъди боздид барои оғози марҳилаи дуюми таҷдиду навсозии корхона санги асос гузоштанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) бинои нави  шифохонаи номдори «Баҳористон» ба истифода дода шуд.

 18 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Латвия – Рӯзи истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

18 ноябри соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии Маркази фарҳангу маърифатии «Суғд» баргузор гардид.

***

18 ноябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

***

7 сол пеш, 18 ноябри соли 2014 Русия ба Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид аз мамлакатҳои дигар ба онҷо мераванд, бояд аз 1 январи соли 2015 барои кор кардан патент гиранд.

***

18 ноябри соли 1883 дар ИМА тарзи ягонаи ҳисоби соат ҷорӣ карда шуд (то ин вақт ҳар шаҳр соати худро танзим мекард).

***

Дар ин рӯзи соли 1991 Парчами давлатии Ҷумҳурии Узбекистон қабул гардид.

***

18 ноябри соли 1992 дар таърихи Канада калонтарин амалиёти муҳосираи ҳавопаймо гузаронида шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 4 ҳазору 300 килограмм маводи сахттаъсири мухаддир (кокаин) мусодира гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1994 дар Тоҷикистон рӯзномаи хусусии «Дайҷест-пресс» таъсис дода шуд.

***

Соли 2018 дар шаҳри Бӯстон корхонаи дорусозии ҶДММ «Фарм Суғд» ба истифода дода шуд.

Ноябрь 18, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст