ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, чоршанбе 307-умин рӯзи соли 2021 аст
3 ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро имзо намуданд.
***
11 сол пеш, 3 ноябри соли 2010 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли маҳсулоти тамоку»-ро маъқул донист.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори чорум ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам шомил шуданд.
3 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Япония – Рӯзи фарҳанг.
***
Дар Либерия – Рӯзи миннатдорӣ.
РӮЙДОДҲО:
3 ноябри соли 2010 миёни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Вазири вақти корҳои хориҷии Британияи Кабир Симон Фрайзер атрофи авзои вақти Афғонистон ва роҳҳои бартарафсозии мушкилоти сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугўи судманд сурат гирифт.
***
3 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америка баррасӣ гардиданд.
***
118 сол муқаддам, 3 ноябри соли 1903 Панама соҳибистиқлол гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1918 Ҳизби коммунистии Австрия таъсис дода шудааст.
***
3 ноябри соли 1928 Туркия аз ҳуруфоти арабӣ ба лотинӣ гузашт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1907 дар Франсия аввалин чархбол дар таърихи ҷаҳон ба ҳаво парвоз кард.
***
Соли 1939 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба нафароне, ки бо нишони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардида буданд, аввалин маротиба медали «Ситораи тиллоӣ» супорида шуд.