Вакилон иҷрои Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»-ро баррасӣ намуданд

Ноябрь 12, 2021 14:57

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат дар мавзӯи «Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои   соли 2021» дар 9 моҳи соли 2021» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Маҳмадтоир Зокирзода  иброз намуд, ки ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Дар ин замина иҷрои босифати Буҷети давлатӣ яке аз афзалияти асосии мақомоти дахлдор ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иброз намуданд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида    равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имконияти содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст».

Дар ин раванд тавсия мегардад, ки пешбурди сиёсати устувори буҷету андоз ва иҷрои он бо    назардошти ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ ва таъмини истифодаи самарабахши маблағҳои буҷетӣ, сари вақт амалӣ намудани лоиҳаҳои муштаракаи сармоягузории давлатӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ дар доираи  стратегияву барномаҳои давлатии қабулгардида   имконпазир мебошад.

Итминони комил дорем, ки муҳокимаи  парламентии имрўза ва қабули тавсияҳо ба  истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ мусоидат намуда, ба таъмини иҷрои сифатноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

Баррасии масъалаи мазкур, пеш аз ҳама, барои ислоҳи камбудию норасоиҳое, ки дар иҷрои буҷети соли ҷорӣ ҷой доранд, мусоидат менамояд.

Сипас, аз рӯи масъалаи рӯзнома раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода. муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каъбатулло Меликзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, муовини  директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Талбакзода, Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чилазода  сухан гуфтанд.

Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ баъди музокираҳо роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдор ба саволҳои сершумори вакилони Маҷлиси намояндагон посух гуфта, тавсияҳои парлумонӣ қабул карда шуданд.

 АКС: МН МО ҶТ

Ноябрь 12, 2021 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд