Дипломатҳои тоҷику рус ҳамроҳ бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои дигари ИДМ дар Вашингтон дар Рӯзи сарбози номаълум гулчанбар гузоштанд

Декабрь 6, 2021 10:17

ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дипломатҳои тоҷику рус дар Амрико ҳамроҳ бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои дигари ИДМ рӯзи ҷумъа, 3 декабр дар Рӯзи сарбози номаълум маросими ёдбуд баргузор карда, дар назди девори «Рӯҳи Элба» — Ёдгории Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар маркази пойтахти Амрико воқеъ аст, гулчанбарҳо гузоштанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ТАСС хабар додааст.

«Имрӯз дар ин ҷо, дар назди ёдгории <…> Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ намояндагони давлатҳои ИДМ ба хотири поси эҳтиром ҷамъ омаданд. Охир, он солҳо касе нигоҳ намекард, ки ту қазоқӣ ё украин, беларусӣ ё  қирғиз, мо ҳама барои пирӯз омадан дар он ҷанги ваҳшиёна муттаҳид будем ва мо ғалаба кардем», — гуфт сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов.

Вай гуфт, ки боқимондаҳои ҷасади беш аз 2 миллион нафар сарбозони шӯравӣ, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кушта шудаанд, то ҳол пайдо нашудаанд. Сафири Русия таъкид кард, ки «то даме, ки мо ин афродро дар ёд дорем, то он дам онҳо дар қалби мо зиндагӣ хоҳанд кард».

Дар маросими ёдбуд намояндагони сафоратхонаҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат доштанд.

Дар Русия Рӯзи сарбози номаълум санаи фаромӯшношуданист ва он 3 декабр ба поси хотири сарбозони рус ва шӯравие, ки дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишвар ва хориҷи он кушта шудаанд, таҷлил мешавад. Санаи хотирмон бо фармони президенти Русия моҳи ноябри соли 2014 тасдиқ шудааст. 3 декабр ба далели он интихоб шудааст, ки дар ин рӯзи соли 1966 ба муносибати 25-умин солгарди шикасти неруҳои немис дар назди Москва хокистари як сарбози ношинос дар назди деворҳои Кремли Москва дар Боғи Александр ба хок супурда шуд.

                                      АКС: © Владислав Павлов / ТАСС

Декабрь 6, 2021 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд