ФУТБОЛ. КМВА-и Душанбе пас аз ғалаба бар дастаи «Хуҷанд» соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон гардид

Декабрь 7, 2021 09:35

ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои  сиюмин Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд. Дар даври охир барандаи медалҳои биринҷӣ ва дастаи дуюме, ки Лигаи олиро тарк мекунад, муайян гардиданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи   КМВА-и  шаҳри  Душанбе дар даври 27-ум бар  дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, ҷои сеюмро дар чемпионати имсола сазовор шуд. Дастаи  футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ аз  дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби  1:2 шикаст хӯрд   ва   дастаи футболи   «Душанбе»-и шаҳри Душанбе Лигаи олиро дар мавсими оянда тарк мекунад.

Мавриди зикр аст, ки  чанд рӯз пеш бозиҳои даври 26-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардида буданд.

Дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бар дастаи  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати дастаи  ғолиб Нуриддин Ҳамроқулов ду гол, Парвиз Боқӣ-Охунов як гол ба нишон расониданд.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ба дарвозаи дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  панҷ голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов ду гол, Алишер Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев, Рустам Соиров якголӣ заданд. Дар доираи ин бозӣ ба дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки қабл аз муҳлат ба унвони чемпионӣ расид, Ҷом ва медалҳои тилло тақдим карда шуданд.

Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дастаи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби  2:1 шикаст дод. Бозингари  дастаи «Эсхата»  Дилшод Каримов ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро кушод. Голи дуюми  дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро Артём Сердюк ба ҳадаф расонид. Бонкчиҳо тавассути зарбаи нишонраси Иброҳим Эшонхонов як гол ба нишон расониданд.

Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  дар майдони худ аз дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Бозингари дастаи «Кӯктош»  Азизбек Султонов ду гол зад. Мизбонон тавассути зарбаҳои нишонраси Аваз Қамчинов ва Далер Шомуродов ҳисобро баробар карданд, вале 4 дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ Амирҷон Сафаров голи пирӯзиовари дастаи  футболи «Кӯктош»-и   ноҳияи Рӯдакиро ба нишон расонид.

Ҳамин тариқ, чемпиони Тоҷикистон – дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе соли оянда дар Лигаи чемпионҳои AFC иштирок мекунад. Барандаи медалҳои нуқра – дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва барандаи медалҳои биринҷӣ – дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе дар Ҷоми AFC-2022 ширкат хоҳанд кард.

Натиҷаи бозиҳои даври ҷамъбастии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ:

КМВА – «Хуҷанд» – 1:0
Гол: Люк Менҷана Леонел, 11.

«Кӯктош» – «Истиқлол» – 1:2
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 12 (0:1). Алишер Ҷалилов, 41 (0:2). Амирҷон Сафаров, 43 (1:2).

«Эсхата» – «Равшан» – 1:0
Гол: Аҳрор Иноятов, 50.

«Душанбе» – «Истаравшан» – 0:2
Голҳо: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, 76 (0:1). Манучеҳр Ахмедов, 90 – аз пеналтӣ (0:2).

«Файзканд» – «Хатлон» – 2:1
Голҳо: Анвар Муродов, 4 (1:0). Изатулло Баҳриддинов, 73 (1:1). Анвар Муродов, 74 (2:1).

 Б      Ғ      М      Б      Т-Т      Х 
 1    «Истиқлол» (Душанбе)      27  21  5  1  78-9  68
 2 «Хуҷанд» (Хуҷанд)  27  17  4  6  52-26    55
 3  КМВА (Душанбе)  27  12  8  7  37-29  44
 4  «Истаравшан»(Истаравшан)  27  12  6  9  30-25  42
 5  «Хатлон» (Бохтар)  27  10  6  11  30-33  36
 6  «Эсхата» (Хуҷанд)  27  9  3  15  33-49  30
 7  «Равшан» (Кӯлоб)  27  7  8  12  27-35  29
 8  «Файзканд» (Восеъ)  27  8  5  14  20-37  29
 9  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  27  7  5  15  38-58  26
 10  «Душанбе» (Душанбе)  27  4  6  17  23-67  18

                                                                АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 7, 2021 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ