Оид ба баланд бардоштани сифати фаъолияти беморхонаҳо дар самти коҳиш додани фавти модар ва кӯдак ҷаласа доир шуд

Декабрь 1, 2021 16:25

ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти коҳиш додани фавти модар ва кӯдак дар кишвар тадбирҳои муҳим ва зарурӣ андешида, ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардидааст. Дар ин бора муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода имрӯз зимни ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба баланд бардоштани сифати фаъолияти беморхонаҳо дар самти коҳиш додани фавти модару кӯдак ва  расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, сухан гуфт, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласаи мазкур   роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов, шарикони рушд, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар ин самт дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳо босамар татбиқ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори фаъолияти муассисаҳои тандурустии мамлакат саҳми назаррас доранд.

Дар идомаи ҷаласа якчанд нафар мутахассисон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни масъала сухан гуфтанд.

АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Декабрь 1, 2021 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Рӯшон таҳти назорати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
Дар нимсолаи якуми соли 2026 беш аз 40 баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои сохтмонӣ бо роҳи созиш ҳал гардид
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 80 ҳазор парвандаро баррасӣ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба Вазорати адлия беш аз 17 ҳазор мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд