Сафири Тоҷикистон бо Сармуҳаррири шабакаи телевизионии «Россия — Культура» мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сармуҳаррири шабакаи телевизионии «Россия — Культура» Сергей Шумаков мулоқот кард, ки зимни он табодули афкор роҷеъ ба рушди ҳамкории судманд миёни Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия ва шабакаи телевизионии «Россия — Культура» сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати ҶТ дар ФР хабар медиҳад.
Сафири Тоҷикистон миннатдорӣ ва таманнои некро ба шабакаи телевизионӣ барои иштироки мунтазам ва инъикоси чорабиниҳои фарҳангии Сафорат дар Москва иброз намуда, ҷиҳати мусоидат ба ҳамкории минбаъда дар самти тарғиби фарҳанги тоҷикӣ дар ҷомеаи Русия тавассути воситаҳои ахбори омма изҳори омодагӣ намуд.
Зимнан, ҳавасмандии мусоҳибон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи татбиқи тарҳҳои минбаъдаи муштарак, ки дар самти фарҳанг миёни ду кишвар роҳандозӣ мешаванд, иброз гардид.
АКС: Сафорати ҶТ дар ФР








Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд






