ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, ҷумъа, 358-умин рӯзи соли 2021 аст
24 декабри соли 2015 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳавасмандгардонии варзишгарон ва муаррифии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намудҳои гуногуни варзиш ба имзо расид.
***
81 сол муқаддам, 24 декабри соли 1940 Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистону Чин-як оила» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
24 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ливия – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Молдова – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
24 декабри соли 2009 дар шаҳри Ӯш ҷаласаи навбатии дурӯзаи муштараки комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии масъалаи ҳамкории ҳамаҷониба доир шуд.
***
24 декабри соли 2009 дар шаҳри Турсунзода маросими супоридани медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ба дастаи футболи «Регар-ТадАз», ки мақоми дуюм касб намуд, баргузор гардид.
***
9 сол пеш, 24 декабри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Форуми хатмкунандагони мактабҳои олии Русия доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Парлумони Тоҷикистон Созишнома оид ба минтақаи савдои озодро, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2011 имзо шуда буд, тасдиқ намуд.
***
24 декабри соли 1969 дар Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳи ташаббускор оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 варзишгарони қазоқ дар доираи барномаи «Ҳамдилии олимпӣ» барандаи «Стипендияи Рио-2016» гардиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд намоиши маҳсулоти кишоварзии «Зардолуи Суғд: истеҳсол, коркард ва амалигардонӣ» баргузор гардид.