Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебарояд
ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Акнун интиқоли молҳои воридотӣ аз Ҷопон, Корея, Сингапур ва дигар кишварҳои Осиё тавассути Покистон дастрастар мешавад. Дар ин бора Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим 15 декабр дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум зимни баррасии Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ зикр намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба гуфтаи вазир, акнун Тоҷикистон дар самти ҳамлу нақли бор бартариҳои изофӣ дорад. Ӯ инчунин имконотеро, ки санади ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бо Покистон пешбинӣ кардааст, шарҳ дод.
Ба зикри ӯ, мақсади асосии созишнома пайдо намудани роҳҳои баромад ба бандарҳои баҳрӣ маҳсуб ёфта, аз тарафи дигар, ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои интиқолдиҳандагони ватанӣ мусоидат менамояд.
«Баромад ба бандарҳои баҳрӣ, аз ҷумла, бандарҳои Карочӣ ва Гвадари Покистон барои амалӣ намудани ҳамлу нақли мултимодалӣ ва пайвастшавӣ ба долони иқтисодии Чину Покистон мусоидат хоҳад кард», — тазаккур дод А. Иброҳим.
Бино ба маълумоти вазир, созишнома интиқоли техника, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётию равғанҳои молиданиеро, ки аз Ҷопон, Малайзия, Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ ворид мегарданд, пешбинӣ менамояд.
А. Иброҳим зикр намуд, ки ин масир муҳимтарин роҳи алтернативии интиқоли борҳо аз худи Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ хоҳад шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






