«Толибон, ки дар Афғонистон қудрати мутлақ доранд, майдони нави амалиёти ҳарбии терроризми ҷаҳонӣ шуда метавонанд»,-чунин меҳисобад профессор Қосимшо Искандаров
ДУШАНБЕ, 11.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ман итминон дорам, ки барқвор забт шудани Кобул аз ҷониби толибон ба гурӯҳҳои террористӣ дар дигар ҷойҳо илҳом мебахшад, то маросими ҷиҳодии худро тақвият бахшанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, қудратҳои бузург, кишварҳои ҳамсоя маҳз хавф аз он доранд, ки Афғонистон дубора ба паноҳгоҳи амн барои террористони байналмилалӣ табдил наёбад. Бар асоси ин, раҳбарони Амрико чунин мешуморанд, ки пас аз муддате ДОИШ* аз Афғонистон метавонад ба амнияти Иёлоти Муттаҳида таҳдид кунад. Ин гуна ақида дар мавриди «Ал-Қоида»* низ вуҷуд дорад». Дар ин бора зимни мусоҳиба бо Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон, доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшо Искандаров изҳори назар намуд.
Вай зикр намуд, ки толибон беш аз ду сол аст, ки дар ҷараёни мулоқоту музокирот ончиро мегӯянд, ки мехоҳанд аз онҳо бишнаванд. Онҳо ваъда медиҳанд, ки ба қочоқи маводи мухаддир муқовимат мекунанд, сарҳади давлатҳои Осиёи Марказиро вайрон намекунанд ва ғайра. Аммо ҳама медонанд, ки 90% маводи мухаддир дар қаламравҳои таҳти назорати толибон парвариш карда мешуд. Искандаров ҳайрон мешавад: барои чӣ ба он садд нагузоштаанд? Гузашта аз ин, дар гузориши ҳайати Шӯрои Амнияти СММ дар Афғонистон аз 12-15 январи соли 2018 гуфта мешавад, ки соли 2017 “Толибон”* аз тиҷорати маводи мухаддир аз 400 то 500 миллион доллар ба даст овардаанд. Ҳоло тамоми қаламрави Афғонистон, аз ҷумла марзҳои беруна таҳти назорати толибон қарор доранд, аммо қочоқи маводи мухаддир ҳамоно қатъ нашудааст.
Профессор Искандаров мӯътақид аст, ки шояд бо далели набудани имконот ва захираҳо дар муддати кӯтоҳ худи толибон талоши мудохила ба умури кишварҳои дигарро накунанд. Аммо, чунон ки маълум аст, дар Афғонистон бисёр созмонҳои дигари террористӣ ҳастанд, ки ният доранд барои кишварҳои ҳамсоя мушкил эҷод кунанд ва “Толибон”* садди роҳи онҳо нахоҳанд шуд, баръакс онҳоро дастгирӣ мекунанд. Аз тарафи дигар, дар сафи “Толибон”* ба қадри кофӣ ҷангҷӯён ё ҷиҳодиёни мутаассиб мавҷуданд, ки ҷиҳодро барои мусалмон ҳатмӣ медонанд ва ҳеҷ кафолате нест, ки то даме, ки дар Афғонистон режими Аморати исломӣ бо идеологияи ҷиҳодӣ вуҷуд дорад, мамлакатҳо худро да амн ҳис кунанд. Масъалаи дигар — таъсири идеологист. Искандаров бар ин бовар аст, ки дар Осиёи Марказӣ афроди зиёде ҳастанд, ки аз пирӯзии толибон шодӣ мекунанд. Мавҷудияти чунин режим ба исломгароён, ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ илҳом мебахшад. Агар “Толибон”* ғалаба ба даст овард ва дигар мамлакатҳо бо он ҳисобу ҳамкорй карданд, гурӯҳҳои дигар низ ба ин умед баста метавонанд.
«Дар Афғонистон бисёр созмонҳои террористӣ фаъолият доштаву фаъолият доранд. Инҳо «Ал-Қоида»*, «ҲИУ»*, «ИДВТ»*, «Ансоруллоҳ»*, «Лашкари Тайиба»*, «СИД»*, «ДОИШ-Хуросон»*, «Котибат-ал-Имом Бухорӣ» мебошанд. Ба маълумоти СММ ва ниҳодҳои дигар, ҳеҷ нишона ё далеле дар бораи қатъи равобити толибон бо ин созмонҳо ҳанӯз мавҷуд нест. Дар набардхои охирин дар Панҷшер террористони хориҷӣ иштирок доштанд.
Искандаров зикр мекунад, ки вай фарқияти миёни онҳоро ба таври дигар тасниф мекунад. Толибон, пеш аз ҳама, афғонҳое ҳастанд, ки миёни онҳо паштунҳо бартарӣ дошта, даъвои эҳёи Иморати исломӣ дар Афғонистонро доранд. Ва ДОИШ-иён, дурусттараш “ДОИШ- Хуросон”* низ аксаран паштунҳо ҳастанд, аммо ҳадафи онҳо фарохтар — таъсиси хилофати ҷаҳонист. Ин ягона чизест, ки онҳоро ба таври куллӣ фарқ мекунонад. Ва аз лиҳози бераҳмӣ миёни ҳарду фарқият вуҷуд надорад.
Профессор Искандаров бар ин назар аст, ки “Толибон” то ҳол ваъда медиҳанд, ки дар хориҷ аз Афғонистон барои хилофат намеҷанганд. Аммо баробари ба расмият шинохтани СММ ва дигар кишварҳо дар сатҳи дипломатӣ, вақте ки онҳо неру ва дастгирӣ эҳсос кунанд, вазъ метавонад тағйир ёбад. Ва ҳоло, ки толибон дар дохили Афғонистон амал мекунанд, аз ҷиҳати маънавӣ ва ҷисмонӣ дигар халқияту миллатҳоро несту нобуд мекунанд, онҳоеро, ки ба зиндагии мутамаддин, озод ва бидуни бунёдгароӣ одат кардаанд, ба даҳшат меандозанд. Охир барои толибон бе нишон додани зӯроварии доимӣ мамлакатро дар ихтиёр нигоҳ доштан душвор аст ва мо дидем, ки чӣ тавр ҷавонону занон ба муқобили онҳо дар Кобул, Ҳирот ва дигар шаҳрҳо ба намоишҳои эътирозӣ даст заданд. Поймол кардани ҳуқуқи занонро идома хоҳанд дод …
_________________
*Ҳаракати террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ
АКС: АМИТ «Ховар»








Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд






