Фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нақлиётчӣ» натиҷагирӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Набояд нисбат ба дастгирии сиёсати давлат бетараф буд, зеро тавре Сарвари давлатамон иброз доштаанд, «бетарафӣ ин бешарафӣ аст»,- чунин ибрози назар намуд Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Нақлиётчӣ» — и Вазорати нақлиёт, ки дар Душанбе доир гардид.
Дар ҷаласа фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии «Нақлиётчӣ» дар соли 2021 ва нуктаҳои муҳими Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардиданд.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим, ки ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидои ҲХДТ дар Вазорати нақлиёт «Нақлиётчӣ» мебошад, аз дастовардҳои ташкилот дар соли сипаригардида натиҷагирӣ намуда, зикр намуд, ки сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва Ҳукумати кишварро дар ҳамаи самтҳо бояд на танҳо ҷонибдор бошем, балки баҳри амалӣ намудани он аз тамоми имконот истифода намоем. Вазири нақлиёт оид ба шумораи умумии аъзои ҳизб, корҳои анҷомдодаи ташкилот давоми сол, ҷалби ҷавонону занон ба узвияти ҳизб ва дигар масоили марбута гузориш дод.
Роҳдорону нақлиётчиёни кишвар соли 2021- соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда барои кулли сокинони кишвар-соли 30-солагии Истиқлолияти давлатиамонро дар баробари дигар соҳаҳо бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуданд.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ва дигарон оид ба сиёсати пешгирифтаи ҲХДТ, нақшаву чорабиниҳои ҳизб ва нукоти дар ҷаласаи ҳисоботи солонаи ҲХДТ ироагардида сухан гуфтанд.
Вазири нақлиёт иштирокдоронро даъват намуд, ки дар замони рушди илму тахника дар истифодаи иттилоот тавассути расонаҳои хабарӣ, ки мақсади халалдор намудани осудагии кишварро доранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат баҳри рушду нумуи соҳа ва кишвар фаъолият намоянд.
АКС аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






