САДА — МУЖДА АЗ ГАРМИЮ НУР. Ба ин муносибат дар Шаҳринав намоиш-фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳо ташкил гардид

Январь 28, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ дар гулбоғи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Шаҳринав ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, ки дар он кишоварзон, ҳунармандон ва доираи васеи сокинон иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.

Дар ҷашни Сада дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба маърази  намоиш гузошта шуданд. Дар ин радиф боғдорон гӯшаеро бо намудҳои зиёди ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, гулу буттаҳои ҳархела ва тухмиҳои зироат ба намоиш гузошта, аз ҳосили фаровони сол мужда расониданд.

Дар гӯшаи дигар тамоми намудҳои техника ва мошинолоти кишоварзӣ гузошта шуданд. Ҷашни Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ аст, дар ин замина воситаҳои техникии кишоварзӣ таъмир гардида, ба мавсими кишту кор омода карда мешаванд.

Аз тарафи ҳунармандон гӯшаҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла оҳангарӣ, рассомӣ, пазандагию дӯзандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва  сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуда, диққати ҳамагонро ҷалб намуданд.

Раиси ноҳия Ҷаббор Носирзода сокинони ноҳияро ба фарорасии ҷашни аҷдодии Сада самимона табрик гуфта, дар корҳои ободонӣ ва оғози мавсими нави фаъолият барору комёбиҳо орзу намуд.

8 нафар кишоварзони ноҳия барои хизматҳои арзанда дар рушду пешрафти соҳаи кишоварзӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав сарфароз гардиданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи ҳунарӣ манзур намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Сада табиатан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад. Оташи афрӯхтаи марди деҳқон бахшандаи нур ба чеҳраҳо ва  сурур ба қалбҳост.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Январь 28, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо ҳолати кишти картошка шинос шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор мешавад