Сафири Тоҷикистон дар Анқара Ашрафҷон Гулов: «Барои шаҳрвандони Туркия вуруди бидуни раводид оғоз шуд»

Январь 31, 2022 13:56

ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 28 январ ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия мусоҳибаи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара Ашрафҷон Гулов бо хабарнигори Агентии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Туркия «Анадолу» доир гардид.  

Дар зер гузориши АИ «Анадолу»-ро дар ин бора  пешниҳоди хонандагон менамоем.

«Сафири Тоҷикистон дар Анқара Ашрафҷон Гулов гуфт, «ба шарофати сиёсати «дарҳои боз»-и Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 вуруди бидуни раводид барои шаҳрвандони Туркия оғоз шуд».

Сафири Тоҷикистон дар Анқара Ашрафҷон Гулов ба хабарнигори Агентии «Анадолу» (АА) дар робита ба 30-юмин солгарди равобити дипломатии Туркия ва Тоҷикистон мусоҳиба дод.

Сафир Гулов бо ёдоварӣ аз равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия, ки 29 январи соли 1992 барқарор шудаанд, гуфт, ки бо мурури замон равобит ва ҳамкорӣ бо Туркия ба яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон табдил ёфт.

Соли 2021 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба  ба 390,5 миллион доллар расид.

А. Гулов иброз дошт, ки то ба имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 маротиба ба Ҷумҳурии Туркия  сафар ба анҷом расонидаанд, ҷониби Туркия 5 маротиба ба Тоҷикистон сафар карда, ба ҷуз ин сафарҳо миёни вазоратҳои гуногун боздидҳои мутақобилан зиёд сурат гирифта, 70 созишнома дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидаанд.

А. Гулов бо ишора ба равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия чунин зикр намуд:

Ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи мо соли 2021 ба 390,5 миллион доллар расид. Ин рақам аз соли 2020 хеле болотар аст.Тоҷикистон ва Туркия солҳои охир дар таҳкими ҳамкорӣ оид ба  масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, кишоварзӣ, энергетика, саноат, сохтмону меъморӣ, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, алоқа, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон роҳи дарозеро тай кардааст.

Сафир Ашрафҷон  Гулов аз сафари раиси парлумони Тоҷикистон дар соли 2021 ёдовар шуда, изҳор дошт, ки равобити дуҷониба боз ҳам густариш ёфта, соли 2022 боздидҳои сатҳи баланд миёни ду кишвар афзоиш хоҳанд ёфт.

“Мо ба равобити дуҷониба аҳамияти хосса медиҳем. Дар равобити сиёсии ду кишвар ҳамкории байнипарлумонӣ мавқеи хосса дорад. Фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушду таҳкими муносибатҳо саҳми бузург хоҳад дошт”,- мегӯяд А. Гулов.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Туркия беш аз 600 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамоянд.

Сафири Тоҷикистон дар Анқара изҳор дошт, ки ҳарду кишвар дорои арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ буда, барои рушди муносибатҳои байналхалқӣ ва байнидавлатӣ заминаи муносиб мебошад. Бо баёни ин ки Мавлоно арзиши муштараки таърихии ду давлат аст, сафир изҳор дошт, ки “имсол мехоҳем дар ҷашни Наврӯз дар Ҷумҳурии Туркия барномаи «Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон»-ро бо ҳунармандони тоҷик ташкил намоем”.

А. Гулов дар бораи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Туркия иттилоъ дода, гуфт: “Ҳамкории ду кишвар дар ҳама масъалаҳо дар сатҳи хеле баланд аст. Донишҷӯёни тоҷики мо дар донишгоҳҳои мухталифи Ҷумҳурии Туркия таҳсил доранд. Гуфтушунид миёни вазоратҳои маорифи ду кишвар низ идома дорад. Ҳоло беш аз 600 донишҷӯи тоҷик дар Туркия таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни тоҷик аз соли 1996 дар донишгоҳҳои Туркия таҳсил доранд. Саҳми донишгоҳҳои Туркия дар тарбияи касбии донишҷӯёни тоҷик хеле муҳим ба шумор меравад”.

Сафир А. Гулов изҳор дошт, ки ҳамкорӣ дар соҳаи туризм яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Анқара мебошад ва дар робита ба ин  ӯ чунин иброз намуд:

Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи сайёҳӣ-туризм  пеш рафта, таҷрибаи хуб дорад. Мо нақша дорем, ки моҳи феврали соли равон ташкили Форуми сайёҳии Туркия ва Тоҷикистонро дорем. Ба шарофати сиёсати «дарҳои боз»-и ҳукумати Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 вуруди бидуни раводид барои шаҳрвандони Туркия оғоз шуд. Ин, бешубҳа, дар афзоиши ҷалби сайёҳии кишвар нақши фаъол хоҳад дошт».

Сафири Тоҷикистон бо даъвати шаҳрвандони Туркия ба кишвараш зикр намуд, ки онҳо ният доранд  бо озодсозии раводид сафарҳои байни ду кишварро афзоиш диҳанд».

                                                                               Аз забони туркӣ тарҷумаи
Манижа МАҚСУДОВА,
хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Истанбул

                                                                                   АКС: агентии «Анадолу»

Январь 31, 2022 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд