Президенти Қазоқистон эълом дошт, ки тартиботи конститутсионӣ дар кишвар барқарор шуд
ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев эълом дошт, ки тартиботи конститутсионӣ дар тамоми манотиқи кишвар асосан барқарор шуд ва вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора имрӯз, 7 январ хадамоти матбуоти президенти ин кишвар пас аз ҷаласаи ситоди мубориза бо терроризм хабар дод.
«Амалиёти зиддитеррористӣ оғоз шуд. Неруҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо ҷидду ҷаҳд фаъолият доранд. Дар тамоми минтақаҳои мамлакат тартиботи конститутсионӣ асосан баркарор гардид. Вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Аммо террористон аз силоҳ истифода бурда, ба моликияти шаҳрвандон зарар мерасонанд. Аз ин рӯ, амалиёти зиддитеррористӣ бояд то пурра нобуд кардани ҷангҷӯён идома ёбад», — изҳор дошт Тоқаев.
Дар ҷаласа ҳамчунин иҷрокунандагони вазифаҳои вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи амнияти миллӣ низ ширкат доштанд. «Тавре роҳбарони сохторҳои қудратӣ гузориш доданд, воҳидҳои неруҳои муштараки посдори сулҳи СААД барои мусоидат ба барқарорсозии тартибот вориди Қазоқистон шуданд. Ин неруҳо ба муддати маҳдуд барои иҷрои вазифаҳои муҳофизат ва таъмини ҳифзи объектҳои стратегӣ омадаанд», — шарҳ дод хадамоти матбуот.
Президенти Қазоқистон ҳамчунин барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар якчанд амр содир кард.
Имрӯз ӯ ба мардуми Қазоқистон дар робита ба вазъи кишвар муроҷиат мекунад.
АКС: АБИ «Казинформ»








Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд






