Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсоли маснуоти заргарӣ ислоҳот мегузаронад

Январь 27, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон  дар соҳаи истеҳсоли маснуоти заргарӣ ислоҳот гузаронида мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин тасмим аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди истеҳсоли маснуоти заргарии кишвар гирифта шудааст. Ҳадафи тасмими мазкур рушди соҳаи истеҳсоли маснуоти заргарӣ дар кишвар  ва ба бозорҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба фурӯш баровардани маснуоти истеҳсолгардидаи заргарӣ  арзёбӣ мегардад.

Тадбири мазкур бо дарназардошти Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 андешида шудааст. Дар  иртибот ба ин Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсони ҳуқуқӣ, инфиродӣ, ҳунармандони касбӣ ва шаҳрвандони одӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки пешниҳоди худро бо мақсади рушди соҳаи маснуоти заргарӣ ва татбиқи ислоҳот дар ин соҳа ба суроғаи электронии вазорат info@sanoat.tj ирсол намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 27, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Корея баррасӣ гардид
Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Бо имзои санади ҳамкорӣ Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан таҳким мебахшанд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Тоҷикистон ва Корея ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси СҲШ таҷрибаи истифодаи самараноки захираҳои минералиро муаррифӣ менамояд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид