Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маъракаи «Тозагии маҳал» ва ниҳолшинонӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани маъракаи «Тозагии маҳал» дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳудуд ва минтақаҳои аҳолинишин аз партовҳои гуногун тоза гардида, ду тонна партов бароварда шуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки маъракаи «Тозагии маҳал» бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани вазъи экологӣ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов гузаронида шуд.
Дар он беш аз 80 нафар омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии № 5 фаъолона иштирок намуда, дар корҳои ободонӣ ва тоза намудани муҳити атроф саҳми муносиб гузоштанд.
Ҳамчунин дар ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва кӯчаи Абӯалӣ ибни Синои ноҳия бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист бо мақсади обод ва сабзазоркунӣ қад-қади роҳи нақлиётгард 150 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз, аз ҷумла санавбар шинонида шуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати ҷумҳурӣ








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






