Ширкатҳои «Мадад Фарм» ва «Бозори Ворӯ» вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд
ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ду ширкати нави сайёҳӣ — «Мадад Фарм» ва «Бозори Ворӯ» вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардида, ҳамзамон муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии ширкати сайёҳии «Артуч» тамдид карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Иҷозатномаҳои фаъолияти сайёҳиро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳузури иштирокчиёни ҳамоише, ки 6 апрел дар мавзӯи «Нақши сайёҳӣ дар раванди рушди миллӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, супорид.
Раиси Кумита таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои навро ба масъалаҳои татбиқи босамари имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, таҳия ва нашри зиёди маводи нави иттилоотии тарғиботӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ҷавобгў ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ ҷалб намуд.
Ҳоло дар маҷмӯъ дар бозори хизматрасонии сайёҳии Тоҷикистон қариб 240 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд.
АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд–чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз шуд
Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз меёбад






