ТАРТИБИ ИНТИХОБИ МУСОБИҚОТИ «ПАРИЖ-2024» ТАСДИҚ ШУД. 17 варзишгари Тоҷикистон аз кумакҳои молии олимпӣ бархӯрдор мешаванд
ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ меъёрҳои тахассусии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж, шакли баргузории мусобиқот ва ҷадвали пешакии онҳоро тасдиқ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ба дафтари матбуоти КБО хабар медиҳад.
Дар ояндаи наздик дар сомонаи расмии КБО санади муфассал нашр хоҳад шуд, ки дар он тамоми роҳҳои имконпазири интихоби кумитаҳои миллии олимпӣ ва варзишгарон ба Бозиҳои олимпии соли 2024 тавсиф мешавад. Гуфта мешавад, ки аз моҳи март то июни соли 2024 се мусобиқа-фестивали чаҳоррӯза оид ба кӯҳнавардӣ, скейтбординг, брейкданс ва BMX-фристайл (дучархаи мотокросс) баргузор мешаванд, ки дар онҳо варзишгарон барои ҳаққи ширкат дар Олимпиада мубориза мебаранд.
Инчунин дар якҷоягӣ бо Кумитаи тадорукоти «Париж-2024» замони пешакии оғоз ва анҷоми ҷаласаҳои мусобиқа тасдиқ карда шуд. Ҷадвали он тавре ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамаи олимпичиён дар маросими ботантанаи кушодашавӣ ва пӯшидани мусобиқаҳо иштирок кунанд. Мубориза барои медалҳо 24 июл, ду рӯз пеш аз ифтитоҳи расмии Бозиҳои олимпӣ дар Париж оғоз мешавад. Барномаи Бозиҳои олимпӣ аз 32 намуди варзиш ва 306 мусобиқаи варзишӣ иборат мебошад, ки варзишгарон дар 19 рӯз барои 329 ҷоиза мубориза мебаранд.
Ба ғайр аз ин, Федератсияи байналмилалии шиноварӣ шартҳо ва стандартҳои марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро тасдиқ кард. Шиноварон барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ аз 1 марти соли 2023 то 23 июни соли 2024 мубориза мебаранд. Дар баъзе барномаҳо стандартҳо то андозае мураккабтар шудаанд. Агар барои дарёфти роҳхат ба «Токио-2020» меъёри шиноварӣ ба масофаи 50 метр барои мардон 22,01 сония буд, пас шиноварон ин дафъа бояд ин масофаро дар 21,96 сония тай кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои олимпӣ дар Париж аз 26 июл то 11 августи соли 2024 баргузор мешаванд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Комиссияи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ номзадии 17 варзишгари тоҷикро ҷиҳати бархурдор шудан аз дастгирии молиявии олимпӣ — Париж-2024 тасдиқ кард. Номзадии варзишгаронро бо пешниҳоди федератсияҳои миллии варзишӣ Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2021 тасдиқ ва пешниҳод намуда буд.
Дар доираи «Барномаи дастгирии молиявии Бозиҳои олимпӣ – Париж-2024» ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ малағ дар ҳаҷми 7500 доллар ҷудо мегардад. Барнома барои варзишгарон имкон фароҳам меорад, ки барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 талош кунанд. Он ба тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ нигаронида шудааст.
8 апрел зимни ҷаласа дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки дар он ноиби президенти Кумита Дилшод Назаров, котиби генералии Кумита Муҳаммадшо Абдуллозода, варзишгарон, мураббиён ва намояндагони федератсияҳо ширкат доштанд, моҳияти Барномаи дастгирии молиявии олимпӣ фаҳмонида шуда, бо варзишгарон созишнома ба имзо расид. Маблағи барнома ба варзишгарон дар ҳар давраи чормоҳа пардохт карда мешавад.
АКС: CGTN








Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд






