6 май дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои Душанбе фишори об паст мегардад
ДУШАНБЕ, 06.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки 6 май дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳо фишори об паст мегардад.
Тавре дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, 6 май бинобар сабаби боридани боронҳои шадид ва баланд гардидани тирагии об дар канали деревиатсионии Варзоб дар шаҳракҳои 82, 101, 102, 112, 83, 84, 103,104 ва маҳаллаҳои Авул, Қазоқон, Зафар, Зарафшон то дарвозаи Ҳисор фишори об паст мешавад.
Ба хотири бартараф намудани ҳолати мазкур ва коркарду безараргардонии об тадбирҳо андешида мешаванд. Бинобар ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки ба таҳлука наафтида, вазъиятро дуруст дарк намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт






