Ба объектҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ «Шиносномаи объекти сайёҳӣ ҳамчун дастоварди миллӣ» дода мешавад
ДУШАНБЕ, 03.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда ба объектҳои табиӣ ва таърихию фарҳангии Тоҷикистон «Шиносномаи объекти сайёҳӣ ҳамчун дастоварди миллӣ» дода мешавад. Ин матлаб дар ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат иҷрои саривақтии муқаррароти қарори мазкурро барои муаррифии имконияти саёҳатии мамлакат, ҳифз, истифода ва нигоҳдории захираҳои сайёҳии мамлакат мувофиқи таъйинот ва мақсад, таҳияи санадҳои соҳавӣ, татбиқи лоиҳаҳои рушд, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, чорабиниҳои экологӣ, ташкили баҳисобгирии оморӣ ва таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Баъд аз хулосаи дахлдори гурӯҳи корӣ ба объектҳои табиӣ ва таърихию фарҳангии кишвар «Шиносномаи объекти сайёҳӣ ҳамчун дастоварди миллӣ» дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати мамлакат Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ таҳия шуд. Ба он объектҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва саноатӣ ворид карда шуда, бори аввал вобаста ба онҳо маълумоти муфассал таҳия гардид.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд






