ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии навбатии худро баргузор кард
ДУШАНБЕ, 19.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бозиҳои даври навбатии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо Узбекистон ва Эрон бо Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври мазкур дастаи мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби наврасони Узбекистон бо ҳисоби 2:0 мағлуб гардид ва дастаи мунтахаби наврасони Эрон бо натиҷаи 1:0 дастаи мунтахаби наврасони Афғонистонро шикаст дод. Аз ин пеш дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ҷараён дорад, бо дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон бо ҳисоби мусовии 0:0 бозӣ кард.
Бозии дастаҳо 16 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда буд. Дар бозии дигари даври сеюми Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола Эрон бо ҳисоби 2 бар 0 ҳамтоёнаш аз Қирғизистонро мағлуб намуд. Чемпионат аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки баъди ин давр дастаи мунтахаби то 16-солаи Узбекистон бо 7 имтиёз аз рӯи натиҷаи голҳои задааш дар ҷои аввал ҷойгир аст. Дастаи мунтахаби наврасони Эрон бо 7 -хол дар мақоми дуюм қарор дорад. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 4 хол дар зинаи сеюм меистад, дастаҳои мунтахаби наврасони Афғонистон бо 2 хол ва Қирғизистон бо 1 холи бадастовардааш дар ҷойҳои чаҳоруму панҷум қарор доранд.
Акс: ФФТ








Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд






