ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии дуюм бо Афғонистон баробар рақобат намуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, ба муқобили дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон рақобат намуд ва бозӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар бозии дигар дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Эрон бар дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Аз ин пеш дар даври дуюми мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ҳамсолони худ аз Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда буд. Голҳоро Масрур Ғафуров (аз пеналтӣ) ва Шерафган Саидов ба нишон расониданд.
Дар бозии дигари даври дуюми Чемпионати CAFA-2022 дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Узбекистон дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Афғонистонро бо ҳисоби калони 6:0 мағлуб намуд.
Ёдовар мешавем, ки баъди ин давр дастаи мунтахаби то 16-солаи Эрон бо 7 имтиёз дар ҷои аввал ҷойгир аст. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 4 хол дар мақоми дуюм қарор дорад. Дастаи мунтахаби наврасони Узбекистон бо 4 хол дар зинаи сеюм меистад, дастаҳои мунтахаби наврасони Қирғизистон ва Афғонистон бо 1-холӣ дар ҷойҳои чаҳоруму панҷум қарор доранд.
Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1
Узбекистон – Эрон – 2:2
Афғонистон – Қирғизистон – 1:1
Даври 2
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 0:2
Узбекистон – Афғонистон – 6:0
Акс: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






