ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Имрӯз дастаҳои Тоҷикистон бо Узбекистон ва Эрон бо Афғонистон бозӣ мекунанд

Май 18, 2022 14:21

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бозиҳои даври  навбатии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо Узбекистон ва  Эрон бо Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз ин пеш дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ҷараён дорад, бо дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон  бо  ҳисоби мусовии  0:0    бозӣ кард.

Мавриди зикр аст, ки бозии дастаҳо 16 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд  баргузор шуда буд. Дар бозии дигари даври сеюми Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои   мунтахаби  наврасони то 16-сола    Эрон бо ҳисоби 2 бар  0 ҳамтоёни хеш аз  Қирғизистонро мағлуб намуд.

Ёдовар мешавем, ки чемпионат аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1

Узбекистон  2:2  Эрон

Афғонистон 1:1  Қирғизистон

Даври 2

Қирғизистон 0:2  Тоҷикистон

Узбекистон 6:0 Афғонистон

Даври 3

Эрон  2:0  Қирғизистон

Тоҷикистон  0:0  Афғонистон

Даври 4

18 май (чоршанбе)

18:00   Эрон – Афғонистон

21:00   Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5

20 май (ҷумъа)

18:00   Қирғизистон – Узбекистон

21:00   Тоҷикистон – Эрон

Акс: ФФТ

Май 18, 2022 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд