Дар донишгоҳҳои Туркия фарҳанги бойи Тоҷикистон ба хориҷиён муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара ва Консулгарии генералӣ дар шаҳри Истанбул донишҷӯёни тоҷики муқими Туркия дар донишгоҳҳои худ фарҳанги бойи Тоҷикистонро ба хориҷиён муарифӣ менамоянд. Имсол 10 ва 11 май дар Донишгоҳи Абант Иззет Байсали шаҳри Болу, Донишгоҳи Гелишими шаҳри Истанбул ва Донишгоҳи Ҳаҷеттепеи шаҳри Анқара рӯзҳои фарҳанги донишҷӯёни байналмилалӣ ҷашн гирифта шуданд, ки дар он донишҷӯёни тоҷик низ ширкат варзида, бо дастархону ашёи миллӣ диққати хориҷиёнро ба фарҳанги қадимӣ ва бойи Тоҷикистон ҷалб намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД.
Аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳи Абант Иззет Байсали шаҳри Болу таҳсил мекунанд, ба ректори донишгоҳ Мустафа Алишарли китоби таърих ва фарҳанги миллии тоҷик тақдим гардид.


Қобили зикр аст, ки дар ин намоиш 2800 нафар донишҷӯён аз 82 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, фарҳанг, таърих, санъати дастӣ, ғизо ва дигар ашёи миллии худро ба меҳмонон ва иштирокчиён пешкаш намуданд.
Дар Донишгоҳи Гелишими шаҳри Истанбул гӯшаи фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик бо дастгириҳои Консулгарии генералӣ ташкил карда шуд, ки дар он либосҳои миллӣ, Парчами миллӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ғайра манзур гардиданд, то шаҳрвандон ва донишҷӯёни байналмилалӣ аз фарҳанги Тоҷикистон дидан намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд






